Моҳи октябр дар гармхона айёми рушди кӯчати шинонидашудаи сабзавот аст. Аз ин лиҳоз бо баробари рушди зироати сабзавотӣ, хуруҷи касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон низ ба назар мерасад. Эҳтимолияти пайдошавии касалии почаи сиёҳ ва ё пӯсиши реша дар назар аст. Дар ин ҳолат бо маҳлули маргансовкаи 1% ва дар ҳолати вазнин шудан бо маҳлули кории 0,2%-и Курзат (10 гр бо 10 л об омехта карда) коркард кардан тавсия дода мешавад.

Ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳои зараррасон бо маҳлули кории 0,1%-и Кораген (барои 0,1 га 10 гр-ро бо 10 л об омехта) ё 0,2%-и Би-58 Нав (барои 0,1 га 20 гр-ро бо 10 л об омехта карда) коркард кунед.

Саривақт даровардани нуриҳои маъданӣ ва обёрикунии зироати сабзавотӣ ба растанӣ самараи хуб медиҳад. Кӯшиш кунед, ки ҳарорат ва намии дохили гармхона мӯътадил бошад. Ҳар рӯз дар дохили гармхона кишти зироатҳоро мушоҳида кунед. Аз кӯчати помидор растаҳои нолозимаро ҳар рӯз тоза карда истед, зеро ҳангоми бетараф шудан кӯчати помидор шохҳои паҳлӯӣ пайдо карда, барои ҳосилбандӣ монеа мешаванд. Кӯчати бодирингро бошад бо пайдо шудани зарурият нуқтаи сабзишро ба ресмонҳо печонед.

Дар дохили гармхона ҷойгир кардани домҳои феромонӣ тавсия дода мешавад, ки пайдошавии ҳашаротҳои зараррасонро пешгирӣ намояд.

Акмал Насруллоев