?

Дар онҳо як халта ордро метавон 290 сомонӣ харид.

Дар 15 нуқтаи сераҳолитарини Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил шуданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Чунин ярмаркаҳои доимӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, “Деҳқон” ва “Яккачинор” амал мекунанд.

Ҳамчунин дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯ ба рӯи Қарияи Боло), масҷиди МирсСайид Алии Ҳамадонӣ (Испечак-2), маҳаллаи 104-ум (истгоҳи охири маршруткаҳо) ва қаламрави маҳаллаи 32-юм дар кӯчаи Маяковский низ ярмаркаҳо боз карда шудаанд.

Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ, ярмаркаҳо бо қарори дахлдори раиси пойтахт бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулот дар давраи тирамоҳу зимистон гузаронида шуда, дар ин ҷо орд, пиёзу сабзӣ, катрошка ва равған, гӯшти гов ва мурғ, сабзавоту мева ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал ба фурӯш гузошта шудаанд.

Гуфта мешавад, нархҳо дар ин ярмаркаҳо нисбатан дастрасанд, аз ҷумла 1 халта орд 290 сомонӣ, 1 кило картошка — 3,5 сомонӣ, 1 кило пиёз — 3,5 сомонӣ, сабзӣ — 2,5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, равғани растанӣ — 20 сомонӣ ва шакар — 8,4 сомонӣ нарх доранд.

asia.plus.tj