Мавсими кишту кор фаро расид ва деҳқон фикри парвариши зироатҳои сабзавоти барвақтиро дорад. Барои мутобиқшавӣ ба шароити иқлимии маҳал, эмин нигоҳ доштани зироати киштшуда аз сардиҳои ногаҳонии баҳор, парвариши зироати барвақтӣ тавассути гармхонаи камоншакл тавсия дода мешавад. Дар навбати аввал барои ташкил кардани гармхонаи камоншакл замини киштшавандаро аз рӯи агротехникаи кишт бояд тайёр намуд.

Дарозии ҷӯякҳо аз 10 то 20 м буда, бараш 1,2 м мебошад. Пеш аз кишти зироат ҳатман хокро аз сангҳо тоза кардан лозим аст, то ин ки тухмӣ ва ё ниҳоли киштшаванда хуб нашъунамо кунад. Заминро бо ғизои лозима, ғизои органикӣ дар намуди компост таъмин намуда, баъд онро суфта менамоянд. Компост — ҳамчун поруи органикии сабук, серғизо, қобилияти наминигоҳдорӣ дошта, барои сабзиши тухмӣ хело аҳамияти калон дорад. Барои ташкили гармхонаи камоншакл симҳои қавсшаклро бо фосилаи на зиёдтар аз 1 метр ба замин маҳкам мекунанд. Плёнкаи полиэтилениро ба болои симҳо васл карда, канорҳои онро бо сангҳо ё хок мустаҳкам ба замин ҷойгир мекунанд.

Плёнкаро дар рўи симҳо таранг васл кардан лозим аст. Барои самаранок идора кардани гармхонаи камоншакл рўзона дар вақти баланд шудани ҳарорат як ё ду тарафи гармхонаро кушодан лозим аст. Гармхонаро ҳатман пас аз ғуруби офтоб маҳкам намудан лозим аст. Зироатҳое, ки дар ин намуд гармхонаҳои мавсимӣ парвариш карда мешавнд, ин помидор, бодиринг, карам ва ғайра мебошанд. Ин усул асосан барои таъмин намудани гармии лозима дар вақти шабона ва ё сардиҳои ногаҳонии баҳорона самараи хуб медиҳад ва имконияти ба даст овардани сабзавоти барвақтиро фароҳам меоварад.