Барои лаблабуи сурх корҳои зерин давом дода мешавад, яъне агротехникаи парвариши кишти тирамоҳӣ, кишти тухмиҳо, обёрӣ, мубориза бар зидди заррасонҳо (дар ҷануби мамлакат). Сарфаи тухми лаблабуи сурх дар 0,10 га аз 50 000 то 70 000 дона тухмӣ мебошад, киштро бо чуқурии 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда ин Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115-рӯза) мебошанд. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N – 70 кг, P – 50 кг. K – 30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини У-9 0,5 л+1 л/га Оракул МКС ё CODAFOL 150 1,0 л/га якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона ва обёрӣ иҷро карда шаванд. Мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ: аз маводи НуреллД 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда, истифода баред.