Яке аз усулҳои биологии ҳифзи растанӣ ин истифодабарии собуни маҳаллӣ мебошад. Собуни ҷомашӯӣ дар мубориза бар зидди бемориҳои замбӯруғии растаниҳо, масалан, пӯсиши хокистарӣ (Botrytis cinerea) кӯмак мекунад. Ин беморӣ дар қулфинай, пиёз, карам, ангур, қаламфур, гелос, олу ва бисёр зироатҳои дигар маъмул аст. Аввал дар растанӣ лавҳаи сабзи хокистарранг пайдо мешавад, пасон мерӯяд, баргҳо, гулҳо ва меваҳо пажмурдаю нобуд мешаванд. Барои наҷот додани растании худ аз инофат, маҳлул аз собуни ҷомашӯиро ба андозаи 100 гр дар 10 л об омода кунед ва ба он экстракти сирпиёз илова кунед, то ки таъсирро тақвият диҳед. Бо ин маҳлул 1 маротиба дар 10-14 рӯз, на бештар аз 3 маротиба пайдарпай зироатро коркард кунед.

Мубориза бар зидди ширинча

Собуни ҷомашӯӣ бар зидди ҳашароти зараррасон хуб кор мекунад, агар онҳо сарпӯши тунуки хитинӣ дошта бошанд. Илова бар ин, маҳлули собунии часпанда даҳони онҳоро мебандад ва ҳашарот мемиранд.

Барои тайёр кардани маҳлули собун бар зидди ширинча (аксар вақт ширинча ба зироатҳои мо дар фасли тобистон ҳамла мекунад), ба шумо лозим аст, ки 300 гр собуни ҷомашӯиро дар 10 литр оби гарм ҳал намуда, моеъро тавассути рӯймол гузаронед. Муҳим он аст, ки дар маҳлул зарраҳои хурди собуни ҳалнашуда боқӣ намонад, зеро ҳангоми ба зироат расидан онҳо метавонанд сӯхтании бофтаҳои ҷавонро ба вуҷуд оранд.

Мубориза бар зидди тортанаккана

Таъсири собуни ҷомашӯӣ бар зидди тортанаккана камтар дигар хел кор мекунад, аммо он як воситаи самарабахш дар марҳилаи саршавии сироятёбии растанӣ мебошад. Меъёри омодакунии маҳлул ва коркард бар зидди ҳашароти тортанаккана ба монанди ширинча гузаронида мешавад.