Гармои шадид нархи тарбузу харбузаро дар Тоҷикистон боло бурдааст

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ТоҷикТА, феълан тарбузи ҳаҷмаш миёна дар шаҳри Душанбе 15-20 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати соли пешӣ 3-4 баробар қимат мебошад.  Дар ҳамин давраи соли гузашта тарбузи ҳаҷмаш миёна 5-6 сомонӣ нарх дошт.

Далели гаронии нархи тарбузу харбуза ба ҳарорати баланди ҳаво рабт дода мешавад, ки боиси камҳосилӣ ва хушк шудани растаниҳо шудааст.

Ин дар ҳолест, ки гармии ҳаво соли гузашта сабаби арзонии нархи тарбузу харбуза гуфта мешуд. Кишоварзу савдогарон соли гузашта изҳор медоштанд, ки гармии ҳаво боиси пеш аз муҳлат пухта расидани тарбузу харбуза гардида, дар натиҷаи пешниҳоди зиёди ин маҳсулот дар бозор нархаш поин рафт.

Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, майдони кишти тарбузу харбуза дар Тоҷикистон соли равон коҳиш ёфт, чун кишоварзон интизор доштанд, ки дар пайи беҳбуди муносибот бо Узбакистон ва афзоиши воридоти тарбузу харбуза аз ин кишвар талабот ба ин маҳсулот кам хоҳад шуд. Аммо воридоти тарбузу харбуза аз Узбакистон ба ҳадди зарурӣ афзоиш наёфтааст ва дар натиҷа бозорҳои Тоҷикистонро гаронӣ фаро гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол тобистони соли 2016 низ нархи тарбузу харбуза дар Тоҷикистон қимат буд. Аз ҷумла тарбузи 10-килоӣ то 25 сомонӣ арзиш дошт.

Read more: https://sputnik-tj.com/economy/20180725/1026282860.html