Ҳайати намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳафтаи мазкур  барои омухтани барномаи сармоягузори бомуваффақ  оид ба  ҷалби сармояи  маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ин усул ба рушди иқтисодиёт кӯмак мерасонанд, ба Ҷумҳурии Молдова  ташриф оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо дастгирии молиявии Созмони озуқаворӣ ва  кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ин намуд барномаро амалӣ хоҳад кард.

Иштирокчиёни сафари омузишӣ аз намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд. Ҳадафи асосии  сафари омӯзиши  аз худ намудани барномаи миллии бомувафақияти Молдава оид ба ҷалби маблағҳои интиқолӣ  барои рушди  иқтисодиёти Молдова мебошад, ки ин модул ҳамчун “PARE 1+1” (модули грантҳои ҳиссавӣ)  шинохта шудаст. Ин барнома аз ҷониби Созмон дар бахши корхонаҳои  хурд ва миёнаи Молдова аз соли 2011 бомуваффақият амалӣ шуда истодааст.

Барномаи “PARE 1 + 1”  кӯмаки худро бевосита ба интиқоли маблағҳои  намоён барои ташкил ва вусъат ёфтани корхонаҳои хурд ва  миёна расонида истодаст. Ин корхонаҳо, дар навбати худ ҳамчун механизми  рушди устувор ва суботи макроиқтисодӣ фаъолият мебаранд.

Аз соли 2011 то соли 2017 тақрибан 1 100 лоиҳаҳои тиҷоратӣ бо  маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ маблағгузорӣ карда шудааст ва  ин маблағ ҳамагӣ 10 млн. евроро ташкил медиҳад. Ин раванд  ба иқтисодиёти мамлакат 34 миллион евро сармоя ҷалб кард ва зиёда аз  3000 ҷойи кории доимӣ ташкил кард. Қисми зиёди сармоягузорӣ ба бахши истеҳсоли озуқа равона гардид.

Бо дастгирии ФАО,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин лоиҳаи моделро,  ки  “Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ” ном гузоштем,   амалӣ менамояд. Мақсади ин модел аз истифодаи маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба рушди кишоварзӣ ва агробизнес мебошад. Баҳрабардорон грантҳои мувофиқро барои лоиҳаҳои хурд, аз он ҷумла омӯзиш ва малакаро ба даст меоранд.

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаи муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар семоҳаи сеюми соли 2017, интиқоли маблағҳои инфиродӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон  1,663 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод ва ин маблағ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

«Ман сарфарози онам, ки таҷриба ва муваффақияти барномаи “PARE 1+1” дар Молдова шавқи кишварҳои мухталифро  дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ зиёд кард» қайд намуд Лулиа Костин, Котиби  масъули Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова. «Мо хушбахтем, ки таҷрибаи худро ба ҳайати намояндагони Тоҷикистон  пешниҳод карда истодаем. Ман умедворам, ки тамоюли мубодилаи дониш дар байни кишварҳои минтақа, дар таъмини зиндагии шиостаи  аҳолӣ кӯмаки худро мерасонад.”

«Муҳоҷират ва интиқоли маблағ нақши хеле муҳимро дар равандҳои рушди минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебозад», гуфт Марко Санчес Сантилло, Муовини директори депарменти рушди кишоварзӣ ва  иқтисодии ФАО. Ҷумҳурии Молдова намунаи хуб  барои кишварҳои дигари  минтақа мебошад, ки ФAO барои ба мақсад расидани дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ба онҳо  дастгирӣ мерасонад «.

«Мо боварӣ дорем,  дониш ва таҷрибае, ки дар натиҷаи ин  сафари омузишӣ аз худ карда мешавад таъсири боиқтидори худро дар сафарбаркунии маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатиро ва ниҳоят  ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон  мерасонад» қайд кард Маурисио Розалес, Ҳамоҳангсози калони лоиҳаи ФАО.

Сафари омӯзишии ҳафтаи ҷорӣ, аз ҷониби лоиҳаи ФАО “Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” ташкил када шуд. Лоиҳа  аз тарафи Федератсия Россия  маблағгузорӣ шуда ва ба   рох мондани робита   байни ғизо, ҳифзи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ равона  карда шудааст.

www.fao.org