Геологҳои Тоҷикистон тарзи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро дарёфт намуданд, аммо барои идомаи таҳқиқоти геологии кон маблағ зарур аст.

«Мо дарвоқеъ ҳам аз маъдани мусковити кони Курговад оксиди алюминий гирифтем. Захираҳои пешгӯишавандаи гилхок дар он ҷо беш аз 1,5 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд, аммо барои тасдиқи маълумоти дастрасшуда, таҳқиқоти геологии конро пурра ба итмом расонидан лозим аст», — гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.

Ба қавли роҳбари Саридораи геология, дар ин самт баргузории таҳқиқоти иловагӣ зарур буда, барои ин захираҳои молӣ талаб карда мешавад.

Мурод Хол умедвор аст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи молии Ширкати алюминии тоҷик ва пайдо шудани воситаҳои иловагӣ, ба корҳои таҳқиқотӣ дар кони Курговад идома бахшида мешавад. «Танҳо баъди ин дар бораи оғози коркарди кони мазкур сухан метавон гуфт», — афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки охири соли гузашта раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов зимни музокироти парлумонӣ изҳор дошта буд, ки мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат тарзи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд.

«Дар натиҷа аз ин маъданҳо оксиди алюминий гирифта шуда, тарҳи технологии ҷудо шудани алюминий таҳия шуд», — гуфта буд Шарипов.

Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20170111/235348