Зимни мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Изззатулло Саторӣ бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов масоили ҳамкорӣ дар соҳаи кишвоарзӣ ва ҳамчунин тасдиқи Оинномаи Созмони исломии амнияти озуқавии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баррасӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Душанбе иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамари дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, густариши ҳаҷми интиқоли дуҷонибаи маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ изҳори назар шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тухмикорӣ ва парвариши чорвои хушзот, аз ҷумла аз Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол додани тухмии хушсифати картошка, маводи генетикӣ ва ҳайвоноти зотии сермаҳсули қазоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар баробари ин зикр гардид, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини амнияти ғизойӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳарду кишвар ба шумор мераванд.
Нурлан Сейтимов изҳори умед кард, ки Тоҷикистон ояндаи наздик Оинномаи Созмони исломии амнияти озуқавии Созмони ҳамкории исломиро тасдиқ мекунад. Ин Оинномаро Тоҷикистон 28 апрели соли 2016 дар доираи кори иҷлосияи таъсисотии Ассамблеяи генералии Созмон ба имзо расонида буд.