Омили муҳими рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав ба шумор рафта, барои ин сармоягузориҳои бузург зарур аст ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ин самт бо сармоягузорони Чин ҳамкорӣ доранд.
Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба обёрии заминҳои ноҳияи Данғара ва таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва ғайра дар якчанд марҳила амалӣ мешавад.
«Дар Тоҷикистон барои азхудкунии беш аз 800 ҳазор гектар замин имконият мавҷуд буда, дар ин самт ба чунин корҳо дар заминҳои Данғара, Бешкент ва Қарадум (ноҳияи Ҷайҳун) дар ҷануби ҷумҳурӣ тақвият бахшидан зарур аст, ки аз онҳо метавон ҳосили хуби шолӣ, пахта, зироати ғалладона ва сабзавот ба даст овард», — гуфт директори Агентӣ.
Ба гуфтаи Холмурод Раҳмон, Тоҷикистон алҳол ба обёрии заминҳои партов ва биёбон мустақилона имкону заминаи моддиву техникӣ надорад ва дар тавозуни шуъбаҳои хоҷагии оби минтақавӣ барои обёрӣ кардани заминҳои нав техникаҳои муосир мавҷуд нестанд.
«Айни замон беш аз 280 ҳазор гектари замин дар Тоҷикистон тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, онҳо барои интиқоли 1 метри мукааб об 0,263 кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунанд ва хоҷагиҳои об ҳамагӣ 61%-и маблағи оби истифодашударо ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин дар навбати худ ба он оварда расонид, ки Агентӣ ба энергетикҳо ба маблағи умумии 75 млн. сомонӣ қарздор шуд ва қарзи дебитории худи Агентӣ бошад, ҳудуди 90 млн. сомониро ташкил медиҳад», — иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки арзиши миёнаи 1 гектар замин вобаста ба минтақаҳо аз 10 то 20 ҳазор долларро ташкил дода, бо назардошти сохтмони низомҳои бузурги обёрӣ, ин рақам се-чор маротиба зиёд мешавад.