Тӯли 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 4,1 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,1%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба хизматгузориҳо ба андозаи 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 0,1% зиёдтар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда таваррум дар сатҳи 7% пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Марина Баканова бар ин назар аст, ки ҳарчанд соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон муътадилу дар сатҳи миёна бошад ҳам, вале тағйирёбии қурби пули миллӣ ба болоравии арзиши маводи ғизойӣ таъсир расонид.

Ӯ қайд кард, ки маҳз «саҳми» маҳсулоти ғизойӣ ба мизони таврррум дар соли равон назаррас аст, зеро қисмати хеле зиёди он ё ворид мешавад ва ё бо маҳсулоти воридотӣ рақобат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.