Пеш аз оғози мавсими кишту кор ҷамъоварии хуби ҳосил, боқимондаи растаниҳо ва алафҳои бегона, тоза кардани тухмӣ ва нигоҳдории муносиб метавонад паҳн шудани тухмии алафҳои бегона ва организмҳоеро, ки боиси паҳншавии касалиҳо мегарданд, кам намоянд.
Маълум аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосил, тухмҳои занбӯруғҳо, микроорганизмҳо, алафҳои бегона, боқимондаи органҳои растаниҳои ба касалӣ дучоршуда, дар чуқурии 20-30 см боқӣ монда, манбаъи асосии зараррасонӣ барои ҳосили ояндаи зироатҳои кишоварзӣ ба шумор меравад.
Усулҳои муҳофизати механикӣ, ҷисмонӣ ва агротехникӣ метавонанд, пайдошавии зараррасонҳоро пешгирӣ ва ё кам намоянд, инчунин захирашавии онҳо, аз як зироат ба дигар зироат гузаштани онҳоро кам кунанд. Масалан, бо шудгори анъанавӣ хокро рӯйгардон карда, боқимондаи зироатҳо ва алафҳои бегонаро гӯр мекунанд ва хокро ба кишти навбатӣ тайёр менамоянд.
Мақсади асосии шудгоркунӣ:
1. Нигоҳ доштани намии хок;
2. Суръатбахшии пӯсиши боқимондаҳои растаниҳо дар хок;
3. Нест кардани микроорганизмҳо ва тухмҳои ҳашаротҳои зараррасон;
4. Нест кардани алафҳои бегона бо роҳимеханикӣ;
5. Омехташавии нуриҳои органикию маъданӣ бо хок; 6. Беҳтар кардани хосиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ва механикии хок.
Агар сари вақт шудгор гузаронида нашавад, дар хок ҳар гуна намакҳо ҷамъ шуда, боиси шӯршавии хок мешаванд. Баланд шудани ҳосилнокии зироатҳои киштшуда ва ҳосилхезии хок аз чуқурӣ ва сифати шудгор вобастагии калондорад. Дар шароити мо, ки обу ҳаво хушк аст ва ҳосилхезии хокамон на он қадар баланд аст, гузаронидани шудгори чуқур (30-35 см) лозим мебошад.
Акмал Насруллоев