Барои зироати лумӯ дар моҳи феврал корҳои зерин тавсия дода мешавад: гузаронидани буриши шохаҳои лимӯ ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон НуреллД 5мл+15 равғани Ариа 80% ба 10л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз реша (N-100гр/2бор барои ҳар як бех, то гулкунӣ) ва ғизодиҳӣ аз барг (Агровитамин 15мл+10мл CODA mic бо 10 л об омехта карда пошидан), нарм кардани байни қаторҳо ва инчунин мавсими шинонидани ниҳоли лимӯ мебошад.