Дар моҳи феврал барои навъҳои ремонтантӣ ҳарорати дохили гармхонаро бояд шабона +16 рӯзона то +27° С таъмин намоед, баргҳои калон ва зардшуда, сабзиши иловагӣ (мӯйлаб) ва меваҳои хурди бесифатро чида партоед. Бо зарурият ягона кунед, чунки ин амал барои гирифтани ҳосили босифат ва барвақтиро таъмин мекунад. Дар  заминҳои кушод корҳои парвариши қулфинайро оғоз кунед, аз алафҳои бегона тоза кунед, баргҳои калони зардшуда ва касалро чида партоед. Қаторҳои қулфинайро ягона ва ё дар ҷойҳои камбуда кӯчат кунед, ҷӯякҳоро тоза карда ғизо дароред ва нарм кунед. Бо Агровитамин 20мл+ 30гр ОракулМКС ба 10л об маҳлул карда коркард кунед. Ин амал афзоиши растаниро метезонад ва ҳосили онро зиёд ва босифат мекунад. Бо зарурият бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшонед ва обёрӣ кунед. Агар гармии ҳаво баланд шавад плёнкаҳоро кушоед. Дар заминҳои кушод бошад барои ҳифзи қулфунай коҳи майда истифода баред. Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашавад. Коркарди кимиёвиро кам истифода баред, чунки талаботи коркарди қулфинай дигар аст.