ФАО ва ИА саъю кӯшишҳояшонро барои таҳия намудани Стратегияи миллии амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон муттаҳид мегардонанд

Таҳияи самараноки стратегияи амнияти озуқаворӣ яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ барои тиҷорати маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Таъсиси сиёсат ва қоидаҳои амнияти озуқавории дахлдор ва боэътимод ҷузъи муҳими самараноки системаҳои амнияти озуқаворӣ мебошад.

Имрӯз бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинари дурӯза оид ба Стратегияи миллии амнияти озуқавории Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳуҷҷати мазкур бояд ба ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддати кишвар барои таъмини ғизои бехатар ва босифат, ки эътимоди истеъмолкунандагонро кафолат медиҳад ва саломатии ҷомеаро ҳифз мекунад, мусоидат намояд.

Семинар аз маҷмӯи фаъолиятҳои лоиҳаи ФАО ба шумор рафта, барои дастгирӣ намудани Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати такмили таҳияи сиёсат равона карда шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Кӯшишҳои якҷоя барои дастгирии таҳияи Стратегияи миллии амнияти озуқаворӣ, ки дар марҳилаҳои ниҳоии баррасӣ ва тасдиқ қарор дорад, равона карда шудааст. Стратегия барои пешбурди назоратҳои расмии амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон бояд замина муҳайё кунад . Дар давоми семинар лоиҳаи кории стратегия пешниҳод карда мешавад ва охирин таҳлилҳои он муҳокима хоҳад шуд.

“Системаҳои самараноки назорати амнияти озуқавории миллӣ барои ҳифзи саломатӣ ва бехатарии истеъмолкунандагон бо роҳи таъмини воридот ва содироти бехавфи маҳсулоти ғизоӣ муҳим аст, ” – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. “Стандартҳои бехатариро бо беҳтарин таҷрибаҳои байналмилалӣ мутобиқ кардан муҳим аст.”

“Семинари мазкур оид ба Стратегияи миллии амнияти озуқаворӣ кӯшишҳои арзишмандро барои тақвият додани воситаҳо бо мақсади беҳтаргардонии системаҳои назорати озуқаворӣ ва ташкили мубоҳисаҳои миллӣ оид ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ифода мекунад, ” – илова кард Гучгелдиев.

Амнияти озуқаворӣ дар таъмин намудани дастрасии ҳар як шахс ба миқдори кофии ғизои бехатар ва хушсифат барои қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои ғизой ва афзалияҳои хӯрокворӣ бо мақсади бурдани ҳаёти солим ва фаъол аҳамияти муҳим дорад.

“Стратегияи мазкур барои таҳкими ҳифзи саломатӣ ва системаи назорати озуқаворӣ нигаронида шудааст, инчунин ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ ва мусоидати савдо равон карда шудааст,” таъкид кард Косим Курбонов, мутахассиси амнияти озуқаворӣ.

Аз соли 2016 Иттиҳоди Аврупо ва ФАО якҷоя бо мақсади дастгирии ислоҳоти сиёсии кишоварзӣ дар кишвар, аз ҷумла таҳияи стратегияҳои мувофиқ, тарҳрезии сохторҳои институтсионалӣ ва таҳкими донишу малакаҳои муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд.

БУНАФША АЗИМОВА
Мутахассиси кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org