Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбакистон Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегиро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон дар ин санад ҳадаф ва дурнамои шарикии устувори ду кишвар муайян шудаанд.

Ба иттилои манбаъ инчунин 27 санади дигар дар бахши саноат, стандарту сертификатдиҳӣ, убури марз, эътирофи санадҳои тарафайн дар бораи таҳсил,  геодезия, геология, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, тиҷорат, илм, техника, ҳамкорӣ миёни Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд ба имзо расидаанд.

Сарони ду кишварҳо аз рафти гуфтушунид ва натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Шавкат Мирзиёев истиқболи гарми мардуми ду кишварро аз беҳбуди муносибатҳо муҳимтарин дастовард хондааст. “Мо минбаъд низ талош мекунем, ки пули бегазанди дӯстии мардуми ду кишварро устувортар кунем”, —изҳор доштааст Мирзиёев.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон миёни ҳамаи ҳуҷҷатҳои тарафайн Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегиро аз ҳама муҳим хонда, таъкид намудааст, ки ин санад муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад.

“Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгуйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад” — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон миёни санадҳои имзошуда, cозишномаҳои зеринро ном бурд:

— Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии  Ўзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон “УзА”;

— Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;

— Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ;

— Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Aкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмиву техникӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020;

— Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба корҳои ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон;

— Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба васлу насби техникаи кишоварзӣ байни Корхонаи Воҳиди Давлатии “Коргоҳи мошинсозӣ” — и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии “Узагротехсаноатхолдинг”;

— Протокол оид ба мубодилаи ёддоштҳо дар хусуси ратификатсияи Шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ  аз 12 феврали соли 2002;

— Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва  робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ӯзстандарт);

— Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат.

Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20180817/1026480536.html