Ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард.
Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба дафтари матбуоти ширкат,
Тоҷикистон комбайнҳои ширкатро имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст овардааст.
Гуфта мешавад, шартномаи харидуфурӯши давлатии комбайнҳо моҳи апрел сурат гирифта, ин комбайнҳо аз навъҳое мебошанд, ки дар ин кишвар маъруфият доранд.
«Ҳар комбайн тибқи муоҳада хизматрасонии кафолатии дусола дорад. Ҳоло онҳо таҷриба мешаванд, то дар аввалин рӯзҳои оғози дарави ғалла, ки маъмулан дар Тоҷикистон аз моҳи июн шуруъ мешавад, фаъолона ширкат кунанд»,- гуфтааст директор оид ба маркетинги Ростелмаш Прохор Дармов.
Ҳамчунин мешавад, ки ширкат на танҳо бо давлат, балки мустақим бо хоҷагиҳои ҷудогона низ муоҳадаҳои харидуфурӯши техникаи кишоварзӣ дошта, имсол аллакай бо шартномаҳои мустақим ширкат чанд адад техникаи ҳосилғундор ба Тоҷикистон ирсол кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки кишоварзони Тоҷикистонро бештар сифати мошинҳо ва арзиши онҳо ҷалб мекунад. Ҳамчунин овардани техникаи ҳосилғундор аз Русия назар ба кишварҳои мутараққии Аврупо ба маротиб осотар ва камхарҷтар аст.