Давом додани ғунучини ҳосил дар моҳи октябр. Ҷудо кардани харбуза ва тарбуз барои нигоҳдорӣ ва содирот. Тайёр кардани тухмиҳои навъҳои беҳтарин ва нигоҳубини онҳо. Ҷамъоварӣ намудани боқимондаи зироат, плёнка ва алафҳои бегона аз замин.
Лоиҳа дар ҳамкории зич ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия шудааст.