Дар моҳи август асосан корҳои агротехникии обёрикунӣ, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг гузаронида мешавад. Дар 15 рӯз як бор шустани баргҳои лимӯ баъд аз соати 18:00 тавсия дода мешавад. Обёрикунӣ бояд 1 маротиба ҳар 7-8 рӯз (намнокии хок 65-70%) гузаронида шавад. Барои мубориза бар зидди тортанакканаи оддӣ ва ширинча бегоҳӣ бо маҳлули Энжио (2,5 мл-ро бо 10 литр об омехта) коркард гузаронидан лозим аст. Дар пайдошавии тортанакканаи сурх ва нуқрагин бо акаритсиди Ортус (Орто Стан) (10 мл дар 10 литр об омехта) ё маҳлули ИСОи 1% тавсия дода мешавад.
Моҳи август куяи лимӯ пайдо мешавад, ки бояд бо инсектитсид акаритсид Актеллик (20 мл бо 10 л об омехта) ё Данадим эксперт (10мл бо 10 л об омехта), коркард карда шавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамини Оракул МКС (20 мл бо 10 л об омехта) дар вақти мевабандӣ гузаронида мешавад. Барои ғизои асосӣ 50-100 гр Мочевина, Суперфосфат, Калий сулфатро ба ҳар як буттаи лимӯ дар вақти калон шудани меваҳо даровардан лозим аст. Инчунин даровардани нуриҳои органикӣ тавсия дода мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Максут Отабеков