Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд сафолакшиканӣ, каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ягонакунӣ, ғизодиҳии асосӣ (2 бор) ва аз барг (2 бор) ва обёрӣ мебошанд. Махсусан баъд аз боронҳои сахту пай дар пай, дар вақти нешзанӣ ва сабзиши чигит сафолакшиканӣ, каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, пешгирии пӯсиши реша ва обёрӣ зарур аст. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили баландро таъмин менамояд.
Барои муҳофизат аз касалии макроспороз коркардро бо фунгитсиди Дитан (барои 1 га 1,0-2,0 кг-ро бо 200-400 л об омехта) гузаронидан лозим аст.
Муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасонро низ дар назар гирифтан лозим аст. Дар киштзор истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Тиллочашмак (500-1000 адад барои 1 га), ё Гаҳвораҷунбон (700-800 адад барои 1 га), ё Трихограмма (60 ҳазор адад барои 1 га 3-5 бор), ё Габрабракон (300-500 адад барои 1 га) барои муҳофизат аз зараррасонҳо бисёр самарабахш аст. Дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдоиши ширинчаи пахта ва ширинчаи полезӣ, тортанаккана бо инсектисиди Каратэ (барои 1 га 0,5 л-ро бо 200-400 л об омехта), ё Нурелл Д (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта), кирми тирамоҳӣ — Политрин К (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия мешавад.
Барои баланд бардоштани ҳосил баъд аз гулкунӣ ғизодиҳӣ аз барг (2-3 бор бо фосилаи 10 рӯз) бо пошидани маҳлули макро-микроэлементҳо (Агровитамин — 2,0 л ва ё Атонник 200 мл-ро бо 1000 л об омехта) гузаронидан тавсия мешавад.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков