Компост – яке аз нуриҳои органикии беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Барои он ки:

  • Хокро бой гардонида, ҳосилхезии онро баланд мегардонад;
  • Барои рушду нумӯи микроорганизмҳо, ки омили ҳосили баланди зироат ҳастанд, шароити мӯътадилро таъмин месозад;
  • Нисбат ба пору (ахлот) осон истифода бурда мешавад;
  • Аз 1 тонна пору (ахлот) то 4 тонна компост тайёр кардан мумкин аст, чунки ҳамчун мавод боқимондаҳои растанӣ истифода бурда мешавад;
  • Тухмиҳои алафҳои бегона ва микрофлораҳои касалиовар надорад;
  • Растаниро дар муддати дароз бо ғизо таъмин месозад;
  • Растанӣ ба осонӣ моддаҳои ғизогирро, дар муддати кӯтоҳ ҷаббида мегирад;
  • Барои решаҳои растанӣ бехатар аст;
  • Ҳосилшавии гумусро метезонад;
  • Пухтарасиши ҳосилро метезонад;
  • Туршии хокро паст мегардонад;
  • Нисбат ба пору (ахлот) барои 1 гектар хароҷоти кам дорад (6 -12 т/га )

Компост нуриест, ки дар натиҷаи таҷзияи омехтаи моддаҳои гуногуни органикӣ ё партовҳои хоҷагӣ ба даст меоранд. Мақсади асосии компосткунӣ: дар нурӣ зиёд кардани элементҳои ғизоии барои растаниҳо дастрас – нитроген, фосфор, калий ва ғайра мебошад. Масолеҳи асосӣ барои компостонӣ инҳоянд: пору, саргини парранда, торф, решаву пояи растаниҳо, барги дарахт, аррамайда, ему хошоки вайроншуда ва ғайра.

  • Компост дар муддати 3-5 моҳ тайёр мешавад. Дар ин марҳила бояд 1-2 маротиба болои онро кушода, омехта карда, боз пӯшидан лозим аст.
  • Бо зарурият бояд намиро таъмин кардан лозим аст ва ё агар намӣ баланд бошад боқимондаҳои хушки растаниҳоро илова намудан лозим аст.

Чӣ хел фаҳмем, ки компост тайёр аст:

  • Ранги сиёҳи қаҳваранг ва массаи якхеларо мегирад.
  • Бӯи хоси аммиак аз байн меравад.
  • Бӯи хуши хоки ҳосилхезро меорад.

Таркиби тахминии компости аз пасмондаҳои органикӣ тайёргардида.

Қисматҳои компост N % P % K %
Ғӯзапояи пахта ва саргини парранда 0,4 0,13 1,4
Пасмондаҳои сабзавот 0,49 0,12 0,9
Пасмондаҳои сабзавот + пору 0,43 0,1 0,9
Саргини парранда + аррамайда 1,0 0,4 0,46
Ахлоти омехта 0,44 0,13 0,92