Сардиҳо ҳам паси сар шуданд, мавсими кишту кор наздик шуда истодааст ва деҳқон дар фикри парвариши кӯчати зироати помидор аст. Барои истеҳсоли кӯчати босифати помидор донистани хусусиятҳои биологии он бисёр муҳим аст. Хусусиятҳои биологӣ таъсири муҳитро (ҳарорат, равшанӣ, намӣ, хок ва ғизо) ба инкишофи растаниҳо муайян менамоянд.

Растании помидор равшании бисёр талаб мекунад. Ҳар қадар равшанӣ беҳтар бошад, ғунчаи гул тезтар ташаккул меёбад ва ҳосилбандӣ барвақттар сар мешавад. Инчунин, помидор растании гармидӯст аст ва ҳарорати мусоид барои сабзиш ва инкишофи растанӣ +20…+25°С мебошад. Аз ин лиҳоз, барои тайёр намудани кӯчати помидори барвақтӣ, новобаста аз ҳарорати ҳаво бояд тухмии дилхоҳро интихоб кард, яъне мавсимияти он (барвақтӣ, миёна, дерпазак), қобилияти сабзиш ва тозагии тухмиро ба назар гиред. Инчунин, тухмиҳои ба касалиҳо ва ҳаргуна ҳашаротҳои зараррасон тобоварро интихоб кунед. Баъдан, барои кишти тухми помидор аз касетаҳо ва ё тубакчаҳои пластикӣ истифода баред. Барои он ки тубакчаҳои пластикӣ имконияти дар ҷои гарм нигоҳ доштани кӯчат, осон ва бо сарфи ками об обёрӣ кардани кӯчат ва ғизодиҳии помидорро медиҳад.

Ҳангоми кишт ҳатман аз компост (поруи пӯсида) ва ё субстрат истифода бурдан лозим аст. Намии субстрат бояд 65-70% бошад. Барои ин ба субстрат оби гарми ҳарораташ 50°С то ба даст овардани намии лозима илова менамоянд. Кишти тухмӣ дар чуқурии 1 см иҷро шуда, болояш бо субстрат рӯйпӯш карда мешавад. Ба ҳар як тубакча ва ё ҳар як чуқурчаи кассета як дона тухмӣ шинонида мешавад. Баъди кишт оби ширгарми ҳарораташ 25-30°С бо воситаи обпошак болои тубакчаҳо ва ё кассетаҳо пошида, намии субстратро ба 90% расонидан тавсия дода мешавад.

Баъди сабзиш, ниҳолҳои ҷавонро дар намии баланд нигоҳ дошта, хушкшавии хокро намегузаронанд. Баъди нешзанӣ намнокии хокро дар сатҳи 70% нигоҳ медоранд.

Ҳангоми пайдошавии касалии почаи сиёҳ ва ё пӯсиши реша бо маҳлули маргансовкаи 1% ва дар ҳолати вазнин шудан бо маҳлули кории 0,2%-и Курзат коркард мекунанд. 10 гр Курзатро бо 10 л об омехта карда, истифода мебаранд.

Ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳои зараррасон бо маҳлули кории 0,1%-и Кораген ё 0,2%-и Би-58 Новий коркард мекунанд. 10 гр Корагенро бо 10 л об омехта карда истифода мебаранд. Инчунин,  20 гр Би-58 Новийро бо 10 л об омехта карда, истифода бурдан мумкин аст. Барои боқувват шудани кӯчатҳо ҳангоми 3-4 барга шудани растаниҳо, онҳоро бо Агровитамин коркард кардан лозим аст. 15-20 гр Агровитаминро бо 10 л омехта карда, ба растаниҳо мепошанд. Агар ин усулро истифода кунед, ҳангоми дар замини кушод шинонидани кӯчати омодашуда решаи он осеб намебинад ва ягон талафот ба вуҷуд намеояд.