Бисёри боғпарварон дарахти шафтолуро яке аз дарахтони камумр мешуморанд. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани нигоҳубини дарахтони шафтолу ҳосилнокии дарахтон зиёд гардида, умри онҳо дароз мегардад. Сабаби асосии камумрии дарахти шафтолу ин таъсири касалиҳои замбӯруғӣ, бактериявӣ ва шилмбарорӣ мебошад. Бо риояи дурусти парвариш ва несту нобуд намудани касалиҳои номбаршуда мӯҳлати дароз аз шафтолу ҳосили дилхоҳ гирифтан мумкин аст.

Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст шудани намнокии хок касалиҳои замбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғ камтар шудан мегиранд. Сабаби рушди ин касалиҳо намнокии баланди ҳаво ва мавҷуд будани спораҳои ин касалиҳо мебошад.

Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо маҳлули 3% купороси мис ба воситаи шётка коркард намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.

Дар ин айём пайдоиши тортанаккана, кирми мева, ширинчаи хунин ва сабз бештар ба дарахтони шафтолу зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз бар зидди ин ҳашаротҳои зараррасон пошидани инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.

Коркарди байни қаторҳо ва танзими реҷаи обёрӣ зарур шуморида мешавад. Чорабиниҳои мазкур барои моҳи август барои боғи шафтолу тавсия карда мешавад.

Хурсандӣ Сафаралиев