Сафедболак шираи ҳуҷайраи баргу танаи растаниро ҷаббида, зарари ҷиддӣ мерасонад. Дарозии ҳашарот то 1,5 мм буда, дарозии болҳояш аз 1,8 то 3 мм мешавад. Кирминаи сафедболак чор марҳилаи синну солиро мегузаронад ва дар синни чорум ба ҳолати оромӣ даромада, ба мисли зоча мешавад ва баъд бол ва пойҳои дароз мебарорад. Тухмро якҷоя ва ё алоҳида дар қисмати поёни барг мегузорад.
Як ҳашароти болиғи модина то 300 дона тухм мегузорад.
Вобаста аз ҳарорати ҳаво давраи давомнокии фаъолияти ҳашарот аз 14 то 60 рӯзро дар бар мегирад.
Чораҳои пешгирӣ:
- Гузаронидани кишт дар мӯҳлатҳои мусоид;
- Яхобмонӣ;
- Ғизодиҳии мутаносибан баробар ба ҳамаи растаниҳо.
Чораҳои мубориза ва усули кимиёвӣ:
Коркарди кимиёвӣ пеш аз гулкунии зироатҳо бо:
- Конфидор инсектитсиди системавӣ моддаи таъсирбахшаш имидоклоприд, 1 г ба 10 л об.
- Моспилан инсектитсиди системавӣ моддаи таъсирбахшаш атсетамиприд, 4 г дар 10 л об.
Акмал Насруллоев