Боридани боронҳои бардавом боиси такроран пайдо шудани касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериявӣ дар чормағззорҳо мегардад. Дар ин ҳолат чормағззорҳо бештар ба касалии бактериоз ва марсония гирифтор мешаванд. Ғӯраҳои сиёҳ гардида нобуд мегарданд, ё ин ки зарари ҷиддии ин касалӣ сифати молии онро бениҳоят паст мегардонад. Барои бартараф кардани ин касалиҳо пошидани препарати Хорус (барои 1 га 200 г-ро бо 1000 л об омехта) ва Скор (барои 1 га 300 г-ро бо 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.

Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба монанди кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз, куяи чормағз пошидани яке аз ин препаратҳо Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад. Заҳрдоруҳоро бо истифода аз дорупошакҳои фишорашон баланд пошидан лозим аст, ки маҳлули корӣ пурра дар сатҳи шоху навда рафта расад.

Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад. Чорабиниҳои мазкур барои моҳи июн барои боғи чормағз тавсия карда мешавад.

Хурсандӣ Сафаралиев