Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, хишовакунӣ ва муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона, ғизодиҳии асосӣ (2 бор) ва аз барг (3 бор) мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Барои муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона ба монанди алафҳои сӯзанбарги 1 солаи 3-5 барг дошта ва бисёрсолаи қадашон 10-15 см коркард бо маҳлули гербитсиди Зеллек Супер ё Селект (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро бо 300 л об омехта) гузаронидан лозим аст.
Барои пешгирӣ ва муҳофизат аз касалиҳои гардзании дурӯға (пероноспороз) бо Ридомил Голд (барои 1 га 1,0-1,5 кг-ро барои 300-40 л об омехта), аз алтернариоз, пӯсишиҳои ҳархела – бо Курзат Р (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта), ё бо Квадрис (барои 1 га 0,8 л-ро бо 300-400 л об омехта) ва ё бо Браво (барои 2,3-3,0 л-ро бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия мешавад.
Ҳангоми пайдоиши пашшаи пиёз, кирми тирамоҳӣ ва гӯсаласар бо маҳлули инсектитсидҳои ЭНЖИО (барои 1 га 0,250 л-ро бо 300 л об омехта), ё Нурелл Д (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Фюри (барои 1 га 0,3 л-ро бо 300 л об омехта), трипси тамоку – Вертимектин (0,5 л/га) + Моспилан (0,3 кг/га) ва ё Ланнат (1,5 л/га) + Моспилан (0,3 кг/га) бо 300 л об омехта карда, гузаронидани коркард ҳатман бегоҳӣ тавсия карда мешавад.
Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Ёвон) (ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон) барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ҳамаи ин чорабиниҳоро гузаронидан зарур аст.
Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Кофарниҳон) (ноҳияҳои фарогиранда: Рӯдакӣ – ҷамоати Эсанбой, Н. Хисрав, Шаҳритус) ва минтақаи Вахш (Бохтар) (ноҳияҳои фарогиранда: Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Панҷ, Леваканд, Хуросон, Ҷайҳун) бошад, вақти обёрӣ ва чиниши ҳосил аст.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков