Корҳои агротехникии пиёзи пешпазак, ки дар моҳи июн бояд иҷро карда шавад, ин ғунучини ҳосил, барои пиёзи миёнапаз бошад тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳӣ аз барг мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л + 1,0л Оракул МКС якҷоя, ё Codafol 8- 11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га якҷоя бо 300 литр об гузаронида мешавад. Ин маводҳо афзоиши пиёзи миёнпазакро метезонад ва барои барвақт пухта расидан мусоидат менамояд. Инчунин, даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг селитраи аммоний, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Ҳангоми пайдошавии касалии пероноспороз пошидани фунгиситҳои Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул тайёр карда пошидан тавсия дода мешаванд. Дар ин мавсим аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад, яъне обро аз меъёр зиёд истифода набаред. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо манъ карда шавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат мусоидат мекунад.