Аз корҳои иҷрошаванда барои моҳи август, ин ҷамовари ҳосили пухтарасида мебошад. Бояд меваи ангур саривақт ва босифат чида шавад. Инчунин, даровардани нуриҳои минералӣ, гузаронидани обёрӣ, коркарди кимёвӣ ва тоза кардани ҷӯйборҳои ангурзор аз алафҳои бегона муҳим мебошанд. Бо зарурат гузаронидани ғизодиҳӣ аз барг аҳасият дорад. Барои беҳтар кардани афзоиши ангур дар вақти нашъунамо Атоник ё Атоник плюс 200 гр, Codafol 8-11-3 0,5 л, Codamin 150 1-2 л, Оракул мкс 1,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Вайкир синк 1 кг якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, яктояшро ба барг пошидан тавсия дода мешавад. Ин марҳила, вақти афзоиши кирми ордакмонанди ангур мебошад. Агар дар дохили ангурзор кирми ордакмонанди ангур пайдо шавад, гирду атрофи решаро аз алафҳои бегона тоза карда, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсити Актеллик 2 л (ё Данадим эксперт 2 л) якҷоя бо 1000 л об маҳлул карда, навдаҳо ва танаи ангурро то гардани реша коркард кардан тавсия дода мешавад. Ба касалиҳои ангур Антракноз, Оидиум, Гардзании ордак; 2,0 кг фунгитсиди Косайд ё Ридомил голд 0,8 кг бо 1000 л об маҳлул карда пошидан тавсия дода мешавад. Инчуни заҳрдоруҳои Фоликур 22,5% 300 мл, Топаз 10% 250-300 мл, Топсин-М 70% 1,0 кг, Тиовит Джет 80% 6 кг-ро низ истифода бурда метавонед. Бар зидди зараррасонҳо, ба монанди кирми хӯша (Гроздевая листовертка), тортанакканаҳои боғ заҳрдоруи Арриво 25% 0,26, -0,38, Каратэ 0,3-0,5 л, Десис 2,5% 0,4-0,6 л, Десис 10%  0,05-0,1 л, Фюрӣ 10% 0,25 л, Неорон 50% 1,2-1,8 л, Омайт 57% 1,2-1,8 л якҷоя бо 1000 литр об омехта карда, пошида мешаванд. Дар хотир доред, ки аз ин заҳрдоруҳо фақат яктояшро истифода бурдан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо манъ аст. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.