7 июли соли 2021, Душанбе– Ҳамлаи малах таҳдиди ҷиддӣ ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бинобар ин дар доираи саъйю кӯшишҳои ҳамаҷониба бо мақсади дастгирӣ кардани кишвар дар мубориза бо малах, таҳти роҳбарии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), созмон чархҳоро барои воситаҳои гуногуни наклиётӣ, ки дар мубориза бо малах истифода бурда мешаванд, инчунин воситаҳои электрониро дастрас намуд.

Бо истифода аз захираҳои худи ФАО дар доираи Барномаи ҳамкории техникӣ, лоиҳаи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва вокуниш ба онҳо баҳри таъмини воситаҳои зиндагӣ, хӯроки чорво ва амнияти озуқавории ҷомеаҳое, ки дар минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, равона шудааст, ки ба такмили самаранокии мубориза бо малах тавассути истифодаи таҷҳизоти муосир, усулҳои муассир ва дигар ҳалли мушкилот мусоидат мекунад.

Хуҷум ва афзоиши малах, алалхусус дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оқибатҳои харобиовари ҷиддӣ доранд, зеро малахҳо ба чарогоҳҳо ва доираи васеи зироатҳои кишоварзӣ ҳамла мекунанд. Ҳуҷуми малахҳо ба ҳосил ва чарогоҳҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд ва ба васоити даромад ва амнияти озуқавории кишоварзони ин минтақаҳо ва ноҳияҳои ҳамсоя таҳдид мекунанд.

Чархҳо (шинаҳо) барои тракторҳо, автомобилҳои дорупошак ва мотосиклҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бо малах»-и Вазорати кишоварзӣ истифода хоҳанд шуд.

Қаблан дар доираи амалигардонии ҳамин лоиҳа мутахассисони мубориза бо малах ва соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои аз малах зарардида дар омӯзишҳо ва семинарҳо оид ба масъалаҳои назорат ва чораҳои вокуниш ба паҳншавии малахҳо иштирок намуданд. Мониторинги босифати вазъи малах мавҷудияти механизмҳои мукаммали огоҳкунии бармаҳал ва вокунишро ба ҳуҷуми малах, инчунин амалиётҳои зарурии саривақтиро барои мубориза бо малах, ки дар ниҳоят ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо бурда мерасонад, дар назар дорад.

«Малах то ҳол дар ноҳияҳои зарардида, алахусус дар манотиқи дурдаст ва душворгузаре, ки гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ душвор аст, боқӣ мондаанд,» гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. «Нигоҳ доштан ва афзун кардани талошҳо оид ба назорати вазъ тавассути гурӯҳҳои тадқиқотии заминӣ ва назоратӣ, инчунин ҳисоботдиҳӣ, ки сабт ва интиқоли иттилоотро ба маркази миллии мубориза бо малах имкон медиҳад, муҳим аст. Лоиҳа ба таҳкими иқтидори мақомоти масъул оид ба назорат, огоҳмандии барвақтӣ ва вокуниши саривақтӣ равона карда шудааст. Азбаски хуҷуми малах чун қабл ба бахши кишоварзии кишвар ва васоити таъмини зиндагӣ дар деҳот таҳдид мекунад, дастгирӣ низ бояд идома ёбад.»

Дар доираи лоиҳаи минтақавии ФАО, ки ба таҳкими ҳамоҳангсозии амалҳои минтақавӣ ва талошҳо дар мубориза бо малах равона шудааст, ба муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бо малах» кӯмаки иловагӣ дар шакли донишу малакаҳои техникӣ, инчунин таҷҳизот барои мубориза бар зидди малах дастрас мегардад. Лоиҳа дар шаш кишвари Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон амалӣ мешавад.

Ҳадафи стратегии назорати пешгирикунандаи паҳншавии малах дар Тоҷикистон коҳиши миқдори заминҳои зарардида ва коркардшуда, коҳиши таъсири манфии чораҳои мубориза бо малах ба саломатии инсон ва муҳити зист, инчунин ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва васоити таъмини зиндагии ҷомеаҳои осебпазири деҳот мебошад.

fao.com