Қӯтос ҳайвонест, ки аз он шир, пашм, гӯшт, пӯст, насли хуб мегиранд ва таври васеъ ба роҳ мондани парвариши он дар Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд ба суди ҳамагон аст. Махсусан, барои сокинони он маҳалҳое, ки иқлимашон барои ин кор хубу мусоид мебошад. Қӯтос нисбат ба молҳои дигари дастпарвару ромшуда нигоҳубину ғамхории камтарро талаб мекунад. Агар барои парвариши гову барзаговҳои парворӣ муҳайё кардани шароити хуби зист, чун бошишгоҳу оғилхонаҳо ва чарогоҳ ҳатмӣ бошад, пас барои қӯтосҳо ҳавои софу беғубор ва алафу гиёҳҳои кӯҳистон кифоят мекунанд.
Доктори улуми биологӣ, профессори кафедраи «Маҳсулоти хӯрокӣ ва агротехнология”-и Донишкадаи политехникии Додишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Анвариддин Муҳиддинов яке аз олимонест, ки аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта то кунун ба омӯзиши қӯтосҳо машғул аст. Вай иброз медорад, ки рушди қӯтоспарварӣ дар кишвар яке аз дастовардҳои беҳтарини солҳои истиқлолият ба шумор меравад. Қӯтос ҳайвонест, ки дар минтақаҳои баландкӯҳи oбу ҳавояш сард зиндагӣ карда, ғизои он ҳама гуна буттаву растаниҳои қадпаст мебошад. Дар Тоҷикистон мавзеъи асосии сукунати қӯтосҳо баландкӯҳҳои Помири шарқӣ, яъне ноҳияи Мурғоб мебошад, ки дар баландии 2,5 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Мардуми кӯҳистон ин ҷонвари аҳлиро ба хотири он дӯст доштанд ва парваришашро ба роҳ мондаанд, ки на ҳар ҳайвон ба сардии тоқатфорсои зимистони Помири шарқӣ ва дигар маҳалҳои сард, ки ҳаво то сардии -500С мерасад, тоб меоваранд. Самаранокии парвариши қӯтосҳоро ба инобат гирифта, соли 1971 аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 20 сар қӯтосро ба Чеченистону Ингушистон, ки баландии кӯҳҳояшон 2500 метр мебошад, бурданд. Ҳоло дар кишварҳои мазкур саршумори онҳо ба зиёда аз 2000 сар расидааст ва ба иқлими минтақа мутобиқ гаштаанд. Дар даврони шӯравӣ, яъне то соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор қӯтос парвариш меёфт. То ба соли 1983 дар мавриди таъмини аҳолӣ бо гӯшти қӯтос аз маркази кишвар нақшабандӣ сурат мегирифт. Онро дар корхонаҳои гӯшти Хоруғ, Хуҷанду Исфара оварда, забҳ мекарданд ва гӯшташро ба ноҳияҳо тақсим ва ё аз он ҳасиб тайёр мекарданд. Қӯтосро қаблан танҳо дар Мурғоб парвариш мекарданд. Танҳо соли 1983 қӯтосҳои нахустинро ба қисмати шимолии кишвар, ба ноҳияи Айнӣ интиқол доданд. Хусусиятҳои морфологӣ, биологӣ ва иқтисодии қӯтосҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои истифодаи баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешид. Аз ҷумла, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2017, таҳти № 542 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015” қабул гардид, ки ҳадаф аз он зиёд кардани саршумори қӯтосҳо буд. Дар чаҳорчӯби Барномаи мазкур аз хоҷагиҳои қӯтоспарварии ноҳияи Мурғоб ба ноҳияҳои Айнию Панҷакент 48 сар ва Кӯҳистони Мастчоҳ 438 сар қӯтос ворид гардид. Ба санаи 1 июли соли 2014 саршумори қӯтос дар ноҳияи Айнӣ 969 сар, Кӯҳистони Мастчоҳ 788 сар ва шаҳри Панҷакент 43 сар, дар маҷмӯъ 1800 сарро ташкил медод. Баъд аз қабули Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ саршумори қӯтос дар ноҳияи Айнӣ 337 сар, Кӯҳистони Мастчоҳ 176 сар ва шаҳри Панҷакент 43 сар, дар маҷмӯъ 556 сар зиёд гардид. То қабули Барномаи зикргардида саршумори қӯтос дар ноҳияҳои Айнӣ ҳамагӣ 384 сар ва Кӯҳистони Мастчоҳ 174 сарро ташкил мекард. Ин рақамҳо баёнгари онанд, ки қӯтосҳо ба минтақаҳои қӯҳистонии кишвар оҳиста-оҳиста мутобиқ мешаванд. Қӯтосҳо ҳайвони аҳл буда, барои муҳофизати худу наслашон аз чораҳои эҳтиётӣ кор мегиранд. Онҳо шабонгоҳон гирди ҳам давра зада, хоб мекунанд. Дар доираи аз ҳама берунӣ қӯтосҳои нарринаи ҷангӣ, дарунтар қӯтосҳои пиронсолу модина ва дар давраи аз ҳама дарунӣ қӯтосҳои навзоду ҷавон ҳалқа зада, хоб мекунанд.
— Барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани соҳаи қӯтоспарварӣ дар кишвар дар ноҳияе, ки онҳо парвариш мешаванд, хоҷагиҳои давлатии зотпарварӣ таъсис бояд дод, — таъкид медорад Анвариддин Муҳиддинов. — Ин имконият медиҳад, ки афзоиши саршумори онҳо доимо зери назорат бошад ва тадбирҳои зарурӣ барои ба даст овардани наслҳои нави зотӣ андешида шаванд. Вобаста ба саршумори қӯтосҳо масоҳати чарогоҳҳои онҳо низ бояд мушаххас гардад. Дар фасли зимистон, дар он минтақаҳое, ки сарду яхзада ҳастанду шамол кам мевазад, бояд ба қӯтосҳо алафу ғизо расонд, то онҳо аз гуруснагӣ намиранд. Зеро қӯтосҳо, асосан, ба буттаю гиёҳҳои қадпаст ниёз доранд, ки ба ҳангоми барфи баланд, дастраси онҳо намешаванд. Бояд ба хотири зиёд намудани саршумори қӯтосҳо, ба даст овардани насли нави солим чораҳои зооветеринарӣ андешида шаванд. Барои ин зарур аст, то аз Қирғизистон чанд сар барзагов оварда, ба рамаи қӯтосҳои ватанӣ дохил кард. Қӯтосҳо бояд аз ҳуҷуми ҳайвонҳои даррандаю ваҳшӣ ҳифз ва дар ин росто аз ҷониби сохторҳои марбута чораҳои мушаххас андешида шаванд. Бояд дар ноҳияҳои куҳистонии қӯтоспавари вилояти Суғд корхонаҳои коркарди гӯшту пӯсту пашми қӯтос бунёд ва фаъол шаванд. Зикр кардани ҳамин як матлаб кофист, ки як сар қӯтос дар як сол беш аз 8 кило пашм медиҳад, ки онро метавон дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода бурд. Таъкид бояд дошт, ки гӯшти ҷонвари мазкур ҳалолу парҳезӣ мебошад. Вазни зиндаи як сар қӯтос аз 500 то 1200 килоро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, қӯтоси ҷавон то 300 кило ва қӯтоси то 15-сола беш аз 700 кило гӯшти холис медиҳанд. Шири қӯтос парҳезӣ буда, ба бисёр дардҳо дору ва дармони беҳтарин аст. Барои ба даст овардани чунин миқдор маҳсулот аз гову барзагов заҳмат ва маблағи зиёде сарф мешавад. Пештар одамон қӯтосро дар ноҳияҳои баландкӯҳ ҳамчун воситаи боркашонӣ ва нақлиёти саворӣ истифода мебурданд.
Дар шӯъбаи чорводории Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба мо гуфтанд, ки то ба якуми январи соли 2021 дар қаламрави вилоят 2012 сар қӯтос сабти ном шуда, парвариши он дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристону Деваштич ба роҳ монда шудааст.
Тилав Расулзода