Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир ба тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Таъсири тағирёбии иқлим аллакай дар шакли баланд шудани ҳарорат, ҳаводиси шадиди обу ҳаво ва обшавии пиряхҳо намоён ҳастанд. Бахши кишоварзӣ мавриди зарари ҷиддӣ қарор гирифтааст, ки дар натиҷа ба норасоии об, талафоти зиёд бинобар сабаби офатҳои табиӣ ва коҳиши ҳосилнокӣ бурда расондааст. Бинобар ин, бо мақсади омодагӣ ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим хабарномаҳо ва низомҳои огоҳкунии бармаҳали муътамад барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони деҳот муҳим мебошанд.

«Бо назардошти ҳаводиси шадиди обу ҳаво, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти деҳот хатари ҷиддӣ доранд, дар асл ман фикр мекунам, ки иттилооти васеъ оид ба обу ҳаво барои кишоварзони Тоҷикистон барои муҳофизати онҳо аз тағирёбии иқлим манфиат хоҳанд овард», – таъкид намуд Абулқосим Муминов, роҳбари шуъбаи агрометеорологии Агентии обуҳавошиносӣ.

Дарвоқеъ, соҳаи кишоварзӣ дар рушди Тоҷикистон унсури марказӣ буда, мустақим ва ғайримустақим дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳм мегузорад. Қисми назарраси даромадҳои ҳукумат барои таъмини амнияти озуқаворӣ равона карда мешавад, ки дар сиёсати миллӣ ва стратегияҳои рушд низ диққати махсус дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, танҳо соли 1998 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар Душанбе кафедраи обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносӣ таъсис ёфт. Абулқосим Мӯминов маълумоти олӣ бо тахассуси муҳандис-обуҳавошинос соҳиб шуд ва муддати 11 сол дар шуъбаи агрометеорологияи Агентии обуҳавошиносӣ фаъолият бурда, дар ниҳоят сардори шӯъба таъин шудааст.

«Ман муҳимияти кори худро дарк мекунам, зеро обу ҳаво яке аз омилҳои асосӣ, ки ба истеҳсолоти кишоварзӣ таъсир мерасонад, ба шумор меравад», — қайд кард Абулқосим. «Агрометеорология дар соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад, зеро ҳар як навъи фаъолият аз обу ҳаво вобаста аст. Истифодаи иттилоот ва пешгӯиҳои агрометеорологӣ ба кишоварзон имкон медиҳанд, ки хавфҳои марбут ба истеҳсол ва ҷамъоварии ҳосилро коҳиш дода, ба ин васила талаботи аҳолиро ба озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ қонеъ гардонанд.»

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо шарикони боэътимоди кишвар дар таъмини иттилооти саривақтӣ оид ба обу ҳаво барои кишоварзон ба шумор мераванд. Соли 2019 ФАО бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо се стансияи автоматии агрометеорологиро насб намуданд. Стансияҳои мазкур дар минтақаҳои гуногун (Турсунзода, Конибодом ва Ҷ. Балхӣ) ҷойгир шудаанд, ки бо истеҳсоли интенсивии ангур, зардолу ва пахта тахассус ҳастанд. Станcияҳои обуҳавошиносӣ ба шуъбаи агрометеорология дар ҷамъоварии маълумоти муҳим оид ба иқлим аз ҳар як минтақа ва таҳияи иттилооти васеъи агрометеорологӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ оид ба тағирёбии обу ҳаво, касалиҳои растаниҳо ва пешгуии ҳосилнокӣ кӯмак мерасонанд, ки ин ҳама ба онҳо дар коҳиши таъсироти тағирёбии иқлим мусоидат мекунанд.

«Бинобар сабаби огоҳии нокифоя оид ба афзалиятҳои хадамоти обуҳавошиносӣ, кишоварзон дар соҳаи кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об ва коҳиш додани хатари офатҳо ба мушкилот ва маҳдудиятҳо дучор меоянд. Аммо, ба шарофати дастгирии шуъбаи агрометеорология, ояндаи наздик ҳамкориро бо кишоварзон тавассути паёмакҳо ва замимаҳои мобилӣ оғоз мекунад», — зикр кард Абулқосим.

Дар Тоҷикистон, аксарияти хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ аз заминҳои лалмӣ истифода мебаранд, аммо дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ оид ба обу ҳаво ва иқлим, ки барои қабули қарор зарур ҳастанд, маҳдуд аст. Иттилооти васеъ ва пайгирии дақиқи шароити обу ҳаво барои банақшагирӣ ва амалисозии корҳои кишоварзӣ, аз қабили омодасозии замин, мубориза бо ҳашароти зараррасон ва интихоби навъҳои зироатҳои барои шароити маҳаллӣ мувофиқ аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин, шахсоне, ки қарор қабул мекунанд бояд дарк кунанд, ки низомҳои огоҳмандии бармаҳал оид ба тағирёбии ғайримуқаррарии обу ҳаво ва зуҳуротҳо барои кишоварзон аҳамияти муҳим доранд ва воситаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инчунин беҳтар кардани васоити даромад ва дастгирии барномаи таъмини устуворӣ ба ҳисоб мераванд.

«Аммо, бо вуҷуди кушишҳои амалишуда, қисмати зиёди кишоварзон нақши калидӣ ва муҳимияти агрометеорологияро дар таъмини истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосил дарк намекунанд», – илова кард Абулқосим.

 

Дар соли 2019 дар доираи лоиҳаи ФАО оид ба таҳкими институтҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва хидматрасонии байторӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, Абулқосим дар якҷоягӣ бо як гурӯҳи хурди мутахассисони тоҷик ба минтақаи Ласиои Итолиё сафар кард, ки дар он ҷо онҳо дониш ва таҷрибаи аввалияро оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани иттилооти агрометеорологӣ, инчунин нигоҳубини шабака ба даст оварданд.

«Сафари омӯзишӣ хеле пурсамар буд; коршиносони ФАО аз таҷрибаҳои худ дар самти татбиқи барномаҳои озмоишии агрометеорологӣ мубодила карданд ва масъалаҳоеро, ки барои такмили пешгӯии вазъи зироат ва ҳифзи растанӣ барои мо хеле муҳиманд, мавриди баррасӣ қарор доданд, — гуфт Абулқосим. – Ба мо инчунин имкони боздид аз Агентии минтақавӣ оид ба рушд ва инноватсияҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии намоишӣ ва таҷрибавии Тарквиния дастрас шуд».

Замимаҳои агрометеорологӣ инчунин барои шахсоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ қарор қабул мекунанд, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ки ба таъмини банақшагирии мувофиқи истеҳсолот, таъминоти озуқаворӣ, дастрасии нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмолкунандагон ва даромади кофии кишоварзон ҷалб шудаанд, муфид мебошанд. Абулқосим Муминов умедвор аст, ки чунин усули нав бори гарони кишоварзонро дар коҳиши оқибатҳои тағирёбии иқлим ва бемориҳои растанӣ сабук мекунад, ки дар навбати худ ба афзоиши амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат мекунад.

Фаъолиятҳои марбут ба таквияти хадамоти агрометеорологӣ ва низомҳои огоҳкунии бармаҳал як қисми лоиҳаи « Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» мебошанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии лоиҳа дастгирии ҳукумат дар ислоҳоти институтсионалии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, хусусан таъмини амният ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ мебошад.

fao.com