Сафедболак қариб ба ҳама сабзавотҳо ва полезиҳо зарар мерасонад, хусусан ба бодиринг, қаламфури ширин ва каду. Сафедболак – ҳашароти майда буда, то ба 3 мм дарозӣ дорад. Қаноташ сафед. Сафедболакҳо ба оилаи пулакчаболҳо монанд бошанд ҳам, аммо ба ширинчаҳо наздик мебошанд. Одатан, онҳо дар таги барги растанӣ ҷойгир мешаванд ва зочаҳояшон шираи баргҳои дар тагбударо макида, осеб мерасонанд. Дар натиҷа дар он ҷой занбӯруғҳои сиёҳ афзоиш меёбанд. Дар ин ҳолат рӯи барг аввал сафед ва баъдан сиёҳ мешавад. Сафедболакҳо шираи растаниро мемаканд ва ба пажмурдашавӣ, зардшавии барг ва нобуд шудани растанӣ оварда мерасонанд. Тухми сафедболакҳо шохчаи на он қадар дароз дорад. Кирми аз тухм баромада ҷои мутобиқро ёфта мечаспад в а пойҳои худро мекашад. Аз ин лиҳоз, кирмҳои сафедболак ноҷунбон мебошанд. Дар поён якчанд усулҳои оддӣ ва халқии мубориза бар зидди сафедболакро тавсия менамоем. Ин усулҳо арзон ва дастрас буда, ҳар як деҳқон дар шароити хонаи худ омода карда метавонад ва танҳо дар марҳилаҳои ибтидоии пайдоиши зараррасонҳо амал мекунанд.

Коркарди зироатҳо бо маҳлули сирпиёз. 60 гр сирпиёзро (30-40 дандонҳои миёнаҳаҷми сирпиёз) майда карда, ба 10 л об андохта, дар ҷои торик як рӯз мондан лозим аст. Баъд маҳлули омода шударо аз дока гузаронида, онро бо воситаи дорупошак ба зироатҳо пошидан лозим аст. Барои пурра аз сафедболак халос шудан 2-3 маротиба пошидан кофӣ мебошад (танаффус байни коркард як ҳафта).

Коркарди зироатҳо бо маҳлули бӯимодарон (тысячелистник). 800-900 гр барги бӯйимодаронро ба 10 л об андохта, 2 рӯз дам карда монед. Баъд маҳлули омода шударо аз дока гузаронида, онро бо воситаи дорупошак ба зироатҳое, ки шапараки сафедболак пайдо шудааст пошед. Бо воситаи ин маҳлул зироатҳоро бо фосилаи як ҳафта 2-3 маротиба коркард кунед.

Коркарди зироатҳо бомаҳлули қоқигул. 400 гр реша ва баргҳои қоқигулро ба 10 л об андохта, 3-4 рӯз дам карда монед. Баъд маҳлули омода шударо аз дока гузаронида, онро бо воситаи дорупошак ба зироатҳо пошед. Бо воситаи ин маҳлул зироатҳоро бо фосилаи як маротиба дар як ҳафта коркард кунед.

Бобомурот Қундузов,
мушовир оиди агробизнес,
Ташкилоти машваратии «Нексигол Мушовир»