Содироти хушкмева аз кишварҳои водии Фарғона (Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон) сол то сол меафзояд ва аҳолии кишварҳои даромад оварда, сатҳи некўаҳволии аҳолиро баланд месозад. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб ба масъалаҳои инкишофи боғпарварӣ ва ангурпарварӣ диққати махсус медиҳад, масалан, беш аз чор сол аст, ки масоҳати заминҳои боғҳо, ки ҳосили онҳо дар бозорҳои анъанавии содиротии Русия ва Қазоқистон талаботи зиёд доранд, меафзояд.
Бешубҳа, мақоми аввалро байни хушкмеваҳои талаботи зиёд дошта хушкмеваи баргаки зардолу ишғол менамояд, ки истеҳсол ва коркарди он сол то сол меафзояд. Аксарияти хоҷагиҳои оилавӣ дар маҳаллҳои деҳоти водии Фарғона ба истеҳсол, коркард, логистика, содирот зардолуи тар ва хушкмеваи он ҷалб шудаанд. Дар бозорҳои кишварҳои ИДМ истеъмолкунанда зардолуи дар Тоҷикистон ва Қирғизистон парвариш ва коркардшударо медонад ва баҳои хуб медиҳад, ки ин ба содиротгарони мо як қатор афзалиятҳоро ато менамояд.
Дастурамал оиди сулфурикунонии зардолу (2,8 MiB, 503 hits)