Картошка дар бозори истеъмолӣ нони дуюм ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили баланди он пайваста роҳҳои босамари парваришро ҷустуҷӯ менамоянд, мутаассифона, ҳосилнокӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ солҳои охир ба дараҷаи ниҳоӣ паст фуромада истодааст. Омилҳои асосии ин зуҳурот, асосан киштгардон накардан, интихоби тухмии номувофиқ ва саҳлангорӣ дар мубориза бо ҳашароти зараррасон мебошад.
Воқеан, гамбуски колорадӣ, ки ватани он Амрикои Шимолист, ҳашароти хавфноктарини зараррасон барои картошка маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ин зараррасон ҳамроҳи тухмӣ аз давлатҳои дигар ба кишвар ворид шуда, ба соҳаи картошкапарварии мамлакат зарари бисёр расонид. Дар ин маврид назорати қатъии воридоти тухмии хориҷӣ ва истифодаи заҳрхимикатҳо муҳиманд. Агар ҳангоми пайдоиши ин ҳашарот дар картошказор сари вақт аз заҳрхимикатҳо истифода нашавад, на танҳо ҳосил паст мегардад, балки баргу пояи зироат аз нашъунамо бозмонда, ҳосил пурра барбод меравад. Гамбуск аз зери хок пайдо гашта, дар барги навдаи картошка тухм мегузорад. Давоми ду ҳафта аз тухмаш кирм тавлид шуда, ба хӯрдани барг шуруъ мекунад. Ин ҳашарот натанҳо ба картошка, балки ба помидор, пиёз, қаламфур, боимҷон, карам ва зироатҳои дигар низ зарар мерасонад.
Бар зидди ҳашароти номбурда истифода бурдани заҳрхимикатҳои сахттаъсир, аз ҷумла БИ–58, муҳим аст. Онро бо об омехта карда, бо дастгоҳҳои махсуси дастӣ субҳ ё бегоҳ дар вақти хушк будани замин бояд бипошем. Мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ баъди гул кардани зироати картошка пошидани чунин заҳрхимикатҳои сахттаъсир мумкин нест. Барои истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо маслиҳати олимони соҳаро гирифтан зарур мебошад. Ҳамчунин, бо ин ҳашароти зараррасон бояд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ баробар ва дастаҷамъона мубориза барем. Дар акси ҳол, ҳашарот боз аз як минтақа ба минтақаи дигар мегузарад ва насли худро зиёд мекунад.