Тағйирёбии иқлим ба ҷангалзор

1114

Иқлим барои ҷангал ва аҳолӣ тағйир ёфта истодааст. Далелҳои бисёр мавҷуданд, ки тағйирёбии иқлим ба ҷангалзор ва одамон таъсир мерасонад.

Тағйирёбии иқлим дар нимаи дуюми асри гузашта аллакай ба экосистемаҳои ҷангал таъсири худро расонидааст ва дар оянда ба онҳо бештар таъсир мерасонад.

Агар партобҳои кунунии карбон ба таври назаррас кам карда нашаванд, хизматрасонии идоракунии гази карбон дар соҳаи ҷангалпарварӣ метавонад комилан аз байн равад ва ин боиси ба атмосфера паҳн шудани миқдори зиёди карбон мегардад, ки тағйирёбии иқлимро шиддат мебахшад.

Осебпазирии экосистемаҳои ҷангалро тавассути паст кардани ҳассосияти онҳо ба тағйирёбии иқлим коҳиш додан мумкин аст. Масалан, тавассути шинонидани намудҳои дарахтони ба ҳар гуна шароит тобовар, афзоиш додани обанборҳо барои ҷамъоварии оби боронӣ бо мақсади пешгирии фишор ба захираҳои обӣ дар шароити хушкӣ мебошад. Дигар роҳи ҳимояи ҷангалзор аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим, ин баланд бардоштани устуворнокии ҷангалзор мебошад. Дар ин ҳолат, корҳои саҳроӣ ба монанди ягонакунӣ, яъне бурида партофтани навдаҳои изофӣ ва ҷавон кардани дарахтон мебошад. Чунин чораҳо метавонанд дар коҳиши осебпазирии экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити ояндаи иқлим мусоидат кунанд.