Мо чунин хизматрасониҳои пулакӣ пешниҳод мекунем:
- Ҷойгир кардани маълумот дар бораи ширкати Шумо ва тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растанӣ, нуриҳои мефурӯхтаатон дар барномаҳои мобилӣ дар асоси обунаи солона. Арзиши ҷойгир кардани маълумот
- дар як барномаи мобилӣ 50 USD/сол
- дар 2–4 барномаҳои мобилӣ 150 USD/сол
- дар 5–6 барномаҳои мобилӣ 200 USD/сол
- Ҷойгир кардани рекламаи хусусии Шумо дар барномаҳои мобилӣ ба шакли расм, ки пеши назари истифодабаранда ҳангоми кор дар барнома пайдо мешавад, 10 USD/моҳ.
- Ҷойгир кардани реклама дар воситаҳои технологияи иттилоотии AgroSpace ва сомонаҳои он 10 USD/моҳ ва 100 USD/сол.
Барои бастани шартномаи пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ Шумо бояд ба яке аз офисҳои шарикон, ки дар бахши «Робитаҳо» мавҷуданд, муроҷиат кунед.
Мо чунин хизматрасониҳои ройгон (бепул) пешниҳод мекунем:
- Ҷойгиронии эълонҳо дар майдончаи эълонҳои хариду фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳои кишоварзӣ
- Илова кардани маводи таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра ба китобхонаи электронӣ
- Боргирии маводҳои таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра аз китобхонаи электронӣ
- Боргирии ҳамаи баномаҳои мобилӣ ва истифодабарии онҳо;
- Истифодаи харитаи электронӣ барои қабули қарорҳои судманд ва самарабахш
- Тамошои маводҳои видеоии таълимӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони обуна ба шабакаи YouTube барои гирифтани маълумот дар бораи ҷойгир шудани маводи нав
- Азназаргузаронии нархҳои чаканаи бозории маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони боргирии маълумот дар доираи муайяни замон дар бозори мушаххас дар шакли файли Excel
- Истифодаи ҳисобкунак барои ҳисоб кардани миқдори зарурии тухмӣ, нурӣ ва об барои истеҳсоли зироати мушаххас дар қитъаи муайяни замин.