Дар моҳи август барои дарахтони шафтолу ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани нуриҳо ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Барои пешгирӣ  ва мубориза бар зидди касалии пажмурдашави баргҳо, қӯтурак, гардзани шафтолу коркард бо фунгитсиди Браво 2,5 л, Косайд 2 кг, Топаз 0,5 л ё Скор 0,2 л+0,1-0,15 л, инчунин инсектисидҳои Десис 10%, Каратэ 0,6-0,8 л, Энжио 0,3 л якҷоя бо 800-1000 л об омехта, коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солонаи нурии минералӣ аз афзоиши дарахт, ҳосилнокии хок ва таҳлили хок иборат аст ва ё даровардани 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг сулфат калий тавсия дода мешавад.

Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳӣ дар давраи калоншавии мева аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л,  ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л,  Оракул мкс 1,0, Codafol  8-11-3  0,7 л, Codafol 150  2,0 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, пошед. Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода баред. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Ин маводҳо барои афзоиши хуби дарахти шафтолу, калоншавии мева ва сифати он таъсири мусбат мерасонад. Вақти буриши шохаҳои шафтолу мебошад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо қатъ карда шавад.