Дар моҳи май бояд давом додани корҳои агротехникаи парвариши кишти тирамоҳӣ, ғунучини ҳосил, кишти тухмиҳо, обёрӣ, мубориза бар зидди заррасонҳо (дар ҷануби мамлакат) мебошад. Сарфаи тухми лаблабуи сурх барои 0,10 га аз 50 000 то 70 000 дона мебошад, киштро дар чуқурии 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда ин Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115-рӯза) мебошад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N-70 кг, P-50 кг, K-30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У-9 0,5 л+1 л/га Оракул МКС ё Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона ва обёрӣ иҷро карда шавад. Мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ аз маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда истифода баред. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.