Барои полезиҳои барвақтӣ: Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд баровардан аз таги плёнка, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, обёрӣ, рост кардани полокҳо, нест кардани алафҳои бегона аз пуштаҳо мебошанд.

Барои полезиҳои миёнпаз: Корҳои агротехникӣ ин кишти тухмӣ, сафолакшиканӣ, каландкунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, рост кардани полокҳо, нест кардани алафҳои бегона, нармкунии пуштаҳо мебошад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо ба даст овардани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.

Дар давраи саршавии гулкунӣ давоми ҳар 6-7 рӯз барои пешгирӣ аз пайдошавии кирми харбуза бо Энжио (3 мл-ро бо 10 л об омехта), ё Нурелл Д (5 мл-ро бо 10 л об омехта) ва ё Супер Топ (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта 2 бор) коркард намудан лозим аст. Ғизодиҳӣ аз барг ва аз реша бо Агровитамин – 0,5 л ва ё Атонник – 150 мл-ро бо 300 л об омехта (3 бор бо фосилаи 10 рӯз) якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.

Барои муҳофизат аз фузариоз риоя намудани киштгардон, ғизодиҳӣ аз барги растанӣ (ғизоҳои фосфордор), аз гардзанӣ (мучнистая роса) коркард бо фунгитсиди Топаз (барои 1 га 150-200 мл-ро бо 300 л об омехта), пӯсиши реша (корневая гнил) коркард бо Курзат Р дар вақти пайдошавии касалӣ 25 гр бо 10 л об омехта пошидан ва якбора ба реша рехтан тавсия мешавад.

Ҳангоми пайдоиши кирми тирамоҳӣ ва дигар намуди кирмҳо коркард бо инсектитсиди Каратэ (5 мл-ро бо 10 л об омехта) ва ё Нурелл Д (5 мл-ро бо 10 л об омехта), симкирмак – Актара (7 гр-ро бо 10 л об омехта) пошидан ва рехтан ба решаи зироат лозим аст. Дар мавриди мавҷуд будани тортанакканаи оддӣ гузаронидани коркард бо Омайт (барои 1 га 1-1,5 л-ро бо 300 л об омехта), ё Вертимек (барои 1 га 0,3-0,5 л-ро бо 300-400 л об омехта) ва ё Тиовит Джет (барои 1 га 1,6-2,0 кг-ро бо 300-400 л об омехта) зарур аст.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков