Гузоришҳои иқтисодӣ оид ба инкишофи миқьёсҳои ва истифодабарии имкониятҳои боғу токпарварӣ ва ҷангал бо тариқи ояндабини дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мақсади татқиқоти ояндабини бояд вобастагии мазкур аз истифодаи имкониятҳои потенсиали басо баланди табии ва обуҳавоӣ-иқлими барои тараққиёти боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангалии мевадиҳанда дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои беназир иборат мебошад. Вобаста ба ин коркарди назария ва консепсияи нави рушди соҳаҳои мазкур талабот дорад асосан дар миқьёси заминҳои бекор хобида ва чарогоҳҳои кам ҳосил мебошад. Таҳияи бомаҳорати ва афзалиятноки агроиқтисодии боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангали мевадиҳандаро талаб менамояд, ки ин бояд дар намуди консепсияи ягона ва бемухолифати азнавсозии он муносиботи агроиқтисодӣ ва сохти аз худ кунии он тасвир карда шавад. Яъне афзоиши босуръати истеҳсолоти кишоварзӣ ва тағйирёбии сохтори соҳавӣ ба фоидаи боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангали мевадиҳанда дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон бояд равнақ ёбад. Бунёди чунин барномаи ояндадор: давра ба давра баъди тартиб додани тадқиқоти пешравии илмии он то ҳанўз дар пеш аст.
Дар Тоҷикистон, ки захираҳои калони потенсиалии замин барои пахтакорӣ ва зироатхои озукавори алакай асосан ба охир расидаанд, қисми истеҳсолии онҳо, ҳатто дар мавриди интенсивкунонии хеле баланд ҳам мушкилоти асосии таъминоти аҳолии бо суръати тез афзоянда бо рушди иқтисодиёти кишоварзи бо шароити кам замини наметавонанд ҳал намояд. Сабабгори ин пеш аз ҳама, саромадҳои табиӣ, миқдор ва сохтори захираҳои мавҷудаи замин, ки 93 %-и қаламрави мамлакатро кўҳҳо ташкил додаанд мебошанд. Чунин ҳолат дар намуди ҷамъбастиаш бо нишондиҳандаи миқ дори масоҳати замин ба ҳар сари аҳолӣ ифода ёфта хеле кам аст. ҳоло нишондиҳандаҳои мазкур 2,5-3 маротиба пастар аз мамолики (мутараққии) дурру- наздик мебошад. Бинобар ин аломатҳои бештар хоси бахши заминҳои ба хоҷагии қишлоқ пайваст ҳастан, пеш аз ҳама, маҳдудият доранд. Ё заминҳои барои заминдории интенсивӣ алоқаманданд, ин заминҳои шудгоршаванда, зироатхои-дарахтони бисёрсола, маданияти пасти истеҳсолотро акс менамоянд.
Масалан: ҳиссаи заминҳои шудгоршаванда 20,5% аз масоҳати умумии он ташкил мекунад , ва ба ҳар сари аҳолӣ бошад- 0,1 -0,13 гектарро ташкил медиҳад, аммо тибқи индекси агроҷангалии захираҳо бо тамом, ки майдонҳои чарогоҳӣ ҳамчун иловаи албаттагӣ бояд бошанд, -он ҳамагӣ 0,3-0,4 гектарро ташкил хоҳад дод. Ин барои худтаъминкунӣ бо маводи хўрокворӣ ва маҳсулоти бо тамом-аграрӣ кифоя нест. Агар ин нишондиҳандаҳоро бо нишондиҳандаҳои мамлакатҳои пешрави иқтисодӣ, ки хоҷагии қишлоқи интенсивиро пеш мебарад, муқоиса карда шаванд мебинем, ки онњо талаботашонро ба маҳсулоти хўрокворӣ аз ҳисоби захираҳои худи бо обу замин, таъмин кардаанд, ки ин нишондиҳанда 2-3 баробар баланд аст. (ё ба ҳисоби ҳар аҳолӣ индекси макроҷангал»-ии захира0,5-0,8 га-ро ташкил медиҳад).
Чунин вазъият на танҳо васеъ намудани масоҳати заминдории ободро, яъне маҷраҳои лалмиро, инчунин, бештар потенсиали калони заминҳои дар хамгашту нишебиҳо мавҷудаи истифоданамударо, ки танҳо барои инкишофи дарахтони бисёрсола истифода бурда шуда метавонанд, ва инро дар назар доштан лозим аст. Бинобар ин, заминҳои бунёдёфта бо роҳи аниқнамудани масоҳати он ва баҳодиҳии аниқи он ба тағйирёбии сохтори истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи ватанӣ лозиманд, мақсад –истеҳсолоти кишоварзиро равнақ додан. Ин маънои мавҷудият ба талабот ва ҷалби босуръати захираҳои заминҳои берун аз минтақаи пахтакорӣ мавҷудбуда мебошад, ва он аз худ куни бо гардиши интенсивиро талаб дорад. Ин ҳатман минбаъд ба тағйирёбии характери истеҳсолоти кишоварзӣ ва бештар ба тараққиёти соҳаҳои озуқаворӣ, пеш аз ҳама –боғу токпарварӣ рўй оварда бурда мерасонад.
Тибқи рақамҳои «Тоҷикгипроводхоз» фонди заминҳои объёришаванда бо нишебии 0,4 см (?) 750-800 ҳазор га-ро ташкил медиҳад. Зарур аст, ки инчунин имкониятҳои мавҷудаи аз худнамоиши комёбиҳои ПИТ (потенциали илму техника) оид ба азхудкунии заминҳои нишебиҳояшон калонтар бо роҳи палсозӣ (террассозӣ) ва истифодаи тарзҳои муосири объёрӣ- чакраӣї ва синхронӣ набзӣ ба инобад гирифта шуданаш даркор.
Захираҳои потенсиалии боғдорӣ ва токпарварӣ метавонанд то ба миллион гектар расанда аст. Вобаста ба ин ҳолати муҳим он аст, ки минтақавияти амудии масоҳати мавҷудаи мамлакат, яъне заминҳои наздикўҳӣ ва пастхамиҳо шароити ниҳоят мусоидиро барои тараққиёти намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда муҳайё месозанд аз ҷумла: токпарварӣ, боғдории- зироатҳои донакдорон, тухмидорон, чормагз ва субтропикӣ,. Масалан, ангурпарварии навҳои техникӣ ва хўрокӣ. Истифодаи ҳатто нисфи ин захираҳои табии ба ҳисоб гирифташуда барои азхуднамоии 500 ҳаз.га имкон медиҳад, ки истеҳсоли мева то ба 3,5 млн. тонна, аз ҷумла зардолу бо сифате, ки дар байни рақибон ҳамто надорад то ба 1,4 млн тонна, ангур- ба 3,5 млн тонна расонида шавад. ҳиссаи ҳисоб кардашудаи навъҳои техники ангур бошад барои инкишофи саноати виноистеҳсолкунандагони ватанӣ асоси заминавӣ медиҳад.
Шарњи вазифа ва давраҳои асосии ў мубрам будани усулҳои консептуалии ҳалли мушкилот оид ба тараққиёти боғу токпарварӣ дар ҶТ:
Якум –талаботи калон ба васеъкунии миқёси ва истифодаи аз ҷиҳати потенсиалӣ азхудкардашудаи заминҳои кўҳпора, минтақаи кўҳӣ ва наздикўҳӣ барои тараққиёт ва азнавсозии хоҷагии аграрӣ бо мақсади самараноктар истифода бурдани потенсиали мавҷуда (захираҳои замину-об, фондҳои асосӣ, имкониятҳои меҳнатӣ ва ақлонӣ)
Дуюм, сатҳи истеҳсолот ва таъмин бо озуқаворӣ ба чунин нуқта расид, ки коркарди афзалиятнокро дар доираи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба манфиати боғу токпарварӣ талаб мекунад.
Сеюм, вазъияти мавҷудаи давлат ва зарурияти худтаъминкунӣ воридшавии асосноки КАС-ро ба бозори ҷаҳонӣ талаб менамоянд, ки натанҳо коркарди истеҳсолоти афзалиятноки соҳавии хоҷагии қишлоқро, ончунин азхуднамоии интенсивии заминҳои бекор хобида, ки дар оянда маҳсулоти он ба воридот ва хусусан ба таъмини амнияти озуқа.
Барои ҳамин дурнамои рушди боғу токпарварӣ дар чорчўбаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи ҷТ ҷои мувофиқ дорад: ин стратегия ва тактикаи амали мушаххас оид ба рушди боғу токпарварӣ- ҷойгиронӣ ва махсусгардонӣ он дар минтақаҳои даркори; мувозинат ва рушди зеркомплекси боғу токпарварӣ дар маҷмўъ ва соҳаи алоҳидаи он; такмили муносибатҳои моли-пулӣ ва иқтисодӣ дар зерсохтори боғу токпарварии КАС ЉТ. Барои ҳамин ояндабини аз руи захираҳои заминҳои боб барои ҷойгиршавии ба фоидаи боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангали мевадиҳанда дар шароити (ноҳияҳои намунавӣ): минтақаи наздиқуҳии боғу токпарварии кўҳҳои лалмии-намнокиашон хеле баланд: Кўлоб (ноҳияҳои Мўминобод, Темурмалик, Данғара, дар нақшаҳои дарозмуҳлат бошад инчунин қисми Ховалинги ноҳияи Кўлоб) минтақаҳои Суғдии наздикўҳии боғу токпарварии (ноҳияҳои Истарафшан, ғончӣ, Пенҷекент, Айнӣ).
Нақшаи календарии корӣ бо чӣ кор бояд анҷом дода шуда метавонад ё мешавад-бо кадом усул? Ин пеш аз ҳама баҳо диҳи ба ҳолати аз худкунунии истифодаи заминҳои бекорхобида; гузарондани мубрамии усулҳои консептуалӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди боғу-токпарварӣ ва ҷангалпарварии-мевадиҳанда; баҳо диҳии дурнамои рушди соҳаҳои зикр шуда ва инро дар ҳаёт тадбиқ кардан лозим аст.
Aбдувосиев Фаррух, ҳодими пешбари илмиӣ, Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ