Моҳи июни тобистон мавсими гармӣ аст. Аз ин лиҳоз, дар боғи нок намиро назорат кунед. Инчунин, тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) гузаронидан лозим аст.

Бар зидди касалиҳои Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони Асалак (Медяница), дар давраи нашъунамо бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (Данадим Эксперт 2 л) якҷоя бо 1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми калоншавии мева касалиҳои қӯтурак (парша), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) авҷ мегиранд, он гоҳ бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг, Скор 0,2 л, ё Топсин 70 М 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 л/об омехта пошед, барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л ё Малатион 57% 0,5 л якҷоя карда, коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои калоншавии меваҳо ва сифати он пошидани Агровитамин 2,0 л+Оракул мкс якҷоя бо 800- 1000 л/об ва ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо манъ карда шавад.