Барои лаблабуи сурх корҳои агротехникаи парвариш давом дорад, яъне ғунучини ҳосил, кишти тухмиҳо, обёрӣ, мубориза бар зидди зарраррасонҳо. Инчунин, гузаронидани кишти такрорӣ иҷро карда мешавад. Барои кишт сарфаи тухми лаблабуи сурх аз 50 000 то 70 000 дона тухмӣ барои 0,1 га мебошад. Киштро дар чуқурии 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда, ин Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115- рӯза) мебошад. Вобаста аз таъминнокии хок бо элементҳои ғизо нуриҳои минералӣ бо меъёри муайян дароварда шаванд, меъёри тавсияшаванда N-70 кг, P-50 кг. K-30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У-9 0,5 л/га+1 л/га Оракул МКС ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир МКС 1,0 кг/га якҷоя бо 200-300 л об тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегонаи сӯзанбарг бо гербисити Зеллек супер, меъёр 1,0-1,5 л/га истифода шуда, обёрӣ иҷро карда шавад. Мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ аз маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда истифода баред. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.