Мавсими кишти такрории ҷуворимакка фаро расид. Дар ин моҳ метавонед кишти такрории ҷуворимаккаро иҷро кунед. Инчунин, давраи гузаронидани коркарди байни қаторӣ, тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ ва ғизодиҳӣ мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л/га +1,0 л/га Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л/га, ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га, Оракул мкс 1,0 л/га ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codafol 150 1,0 л/га) якҷоя бо 300-400 л/об гузаронед. Аз ин маводҳо фақат яктояшро истифода бурдан мумкин аст. Дар давраи нашъунамо фосилаи коркард 10-15 рӯз ва 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши ҷуворимакка, яъне барои ғафсшавии танаи он мусоидат мекунад.

Барои мубориза бар зидди зараррасонҳо 2 маротиба коркард гузаронидан тавсия дода мешавад: 1-ум коркард ҳангоми пайдошавии 5-7 барг, 2-юм коркард ҳангоми қади зироат ба 45-50 см расидан, яъне бар зидди кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га, Индоксакарб 0,450 л/га, Каратэ 0,4 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳии асосӣ (ҳосилнокии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта) N 180 кг, P 120, K 60 кг (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад.