Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, нест кардани алафҳои бегона ба таври дастӣ ва кимиёвӣ, ғизодиҳии асосӣ аз барг ва тайёрӣ ба ғунучини ҳосил мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо ба даст овардани ҳосили баландро таъмин менамояд. Барои босифат кардани ҳосил пошидани ғизо аз барг бо маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га замин Агровитамин – 0,5 л ва ё Атонник – 200 мл-ро бо 300 л об омехта, 1-2- бор бо фосилаи 10 рӯз) натиҷаи хуб медиҳад.

Барои пешгирӣ ва муҳофизат аз касалии занг ва дигар намуди касалиҳои занбӯруғӣ дар давраи панҷазанӣ ва хӯшабарорӣ коркард бо фунгитсиди Алто Супер (барои 1 га 0,3-0,4 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Тилт (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) тавсия мешавад.

Паҳншавии зараррасонҳои ширинча, трипс, сангпушакчаҳо (клоп) эҳтимол дорад. Барои муҳофизати ҳосил аз зараррасонҳо коркард бо Каратэ (барои 1 га 0,200 л-ро бо 300 л об омехта), е Имидклоприд (барои 1 га 0,200 л-ро бо 300 л об омехта) тавсия карда мешавад. Чунин коркардро якҷоя бо фунгитсидҳо гузаронидан мумкин аст.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков