СМС-ирсолҳо

СМС-ирсолҳо — гирифтани маълумоти лозима ба телефони мобилӣ тавассути СМС. Тарофаҳои зерини СМС-ирсолҳо дастрас мебошанд:

1. СМС-ирсолҳо бо тарофаи «Обу ҳаво». Муштариён дар 3 рӯз 1 бор маълумот оиди обу ҳаво дар ноҳияашонро барои 3 рӯзи оянда мегиранд.

Пардохти абонентӣ дар 1 моҳ – 5 сомонӣ.

2. СМС-ирсолҳо бо тарофаи  «Нархҳои бозор». Муштариён дар 1 ҳафта 1 бор маълумот оиди нархи як маҳсулоти кишоварзиро дар 3 бозори интихобкарда мегиранд:

1. Душанбе 2. Хуҷанд
3. Исфара 4. Истаравшан
5. Қӯрғон-теппа 6. Кӯлоб
7. Рашт (Ғарм) 8. Хоруғ
9. Бозори «Қулундӣ» ҳамсарҳад бо Овчи-Калъача (Кирғ) 10. Бозори «Сух» ҳамсарҳад бо Исфара (Қирғ.)
11. Бозори «Бӯка» ҳамсарҳад бо Мастчоҳ (Узб.) 12. Бозори «Бекобод» ҳамсарҳад бо Зафаробод (Узб.)

Пардохти абонентӣ дар 1 моҳ – 3 сомонӣ.

3. СМС-ирсолҳо бо тарофаи «Индекси пахта». Муштариён ҳамарӯза маълумот оиди индекси пахтаро аз  биржаи Ливерпул (Сotlook) мегиранд.

Пардохти абонентӣ дар 1 моҳ – 15 сомонӣ.

4. СМС-ирсолҳо бо тарофаи «Комплекс». Тавассути СМС муштариён маълумот ва машваратҳоро оиди зироати парваришкардаистодаашон, барои шароити минтақае, ки дар он кишт намудаанд; кадом тухмиҳо сифаташон нағз ва аз куҷо онҳоро харидан мумкин аст; чӣ тавр нуриҳои минералиро бояд истофода бурд ва онҳоро аз куҷо ёфтан мумкин аст, чӣ тавр зироатро аз сармою жола нигоҳ доштан; чӣ тавр  зироатро аз касалию ҳашаротҳо муҳофизат намудан; чӣ тавр бо алафҳои бегона мубориза бурдан; дар куҷо, ба кӣ ва ба кадом нарх маҳсулоти истеҳсолкардаашонро фурӯхтан мегиранд .

Пардохти абонентӣ дар 1 мавсим (вегетатсионӣ) – 15 сомонӣ.