Барои зироати пиёзи навъи миёнапаз ва дерпаз дар моҳи август идома додани ғуничини ҳосил, тоза кардани замин аз алафҳои бегона, барои пиёзҳои дерпаз гузаронидани обёрӣ ва ғизодиҳи аз барг мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Изобион 1 л/га, Агровитамин 0,5л + 1,0л Оракул МКС якҷоя, ё  Codafol 8 -11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0л/га якҷоя бо 300 литр об тавсия дода мешавад. Барои афзоиши хубипиез бо ҳамроҳии обёрӣ Бостано 10кг/га, Матрикс(NPK) 10кг/га истифода бурдан тавсия дода мешавад, ки ин маводҳо ба барвақт пухта расидани мусоидат мекунад. Бар зидди касалии пероноспороз пошидани фунгиситҳои Косайд 2кг/га, Курзат 2кг/га ё Квадрис 0,8л якҷоя бо 200-300л об маҳлул тайёр карда пошидан тавсия дода мешаванд. Барои кам кардани меҳнати дастӣ дар вақти ҷамъоварии ҳосили пиёз 10 рӯз пеш барои 65-70 % ғалтондани барги пиёз гербисити Реглон супер 0,8 л/га истифода баред. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Вобаста ба гармии ҳаво ва шароити замин гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳоро ман карда мешавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат самараи хуб медиҳад.