Асосан гузаронидани обёрӣ, ҷамъоварии ҳосил, нармкунии байни қаторҳо гузаронида мешаванд. Баъд аз ҷамъоварии ҳосили зардолуҳои миёнпаз дар аввали моҳи август даровардани ғизоро фаромӯш накунед. Гузаронидани коркард бар зидди зараррасонҳо ба монанди ширинча бо инсектиситҳои 0,1-0,03 л, Энжио ё Арриво 25% 0,26-0,38, Каратэ 0,3-0,5 л, Десис 2,5% 0,4-0,6л, Десис 10%  0,05-0,1 л, Фюрӣ 10% 0,250 л истифода баред. Аз ин инсектиситҳо фақат яктояшро якҷоя бо 1000 л об истифода бурдан тавсия дода мешавад. Барои таъмин кардани афзоиши хуб, дар давраи нашъунамо бо Агровитамин 1,0 л+1,0 л Оракул мкс ё Codamicro 0,5 (якҷоя бо 800-1000 л об) аз барг истифода бурдан тавсия дода мешаванд. Гузаронидани коркард бо фунгитсид ва инсектисид барои ҳосили соли оянда самараи хуб медиҳанд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.