Барои лимӯ дар моҳи июл обёрӣ, ғизодиҳӣ, нарм кардани байни қаторҳо ва бо зарурат шустани баргҳои лимӯ ҳар 15 рӯз гузаронида шавад. Ҳангоми пайдошавии зараррасонҳо истифодабарии маводҳои Вертимос 15 мл ё Би 58 нав+10мл равғани Ариа 80% якҷоя бо 10 л об,  тавсия дода мешавад. Аз барг бо Агровитамин 15 мл+10 л/об, инчунин Codafol 8 -11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди заррарасонҳои сафедболак биоинсектисити нав истифода баред, масалан Белла тута 1 л якҷоя бо 300 л об, бегоҳӣ соати 18-19 коркард гузаронед. Ҳангоми коркард баргҳои лимӯ пурра тар шаванд. Ин чорабиниро ҳар ҳафта як маротиба бо усули гардолудӣ (тӯпалангӣ) иҷро карда шавад. Дар вақти башаклдароии ниҳолҳои нав шинонидашуда, ба буриши шохахои буттаи лимӯ бояд аҳамият дода шавад, чунки дар вақти коркард маҳлули корӣ пурра ба ҳамаи шохаҳои лимӯ дастрас шавад. Агар дар гармхонаҳои лимӯ тортонаккани нуқрагин ё сурх пайдо шавад,  то вақти гулкунӣ ё баъд аз гулкунӣ маводи ҶОО (ИСО) 0,5%, Орто стан  (Ортус) акаритсит 10 мл якҷоя бо 10 л об ё Вертимос 4% 15 мл 10 л об дар ҳар 7-10 рӯз гузаронидан тавсия дода мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.