Photo Taken In Malaysia, Kuala Lumpur

Дар моҳи июл бояд кишти такрорӣ давом дода шавад. Инчунин, коркарди байни қаторҳо, тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ ва ғизодиҳӣ мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л/га+1,0 л/га Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л/га, ё  Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га, Оракул мкс 1,0 л/га ё Coda micro 0,5 л, Codafol  8-11-3  0,7 л/га, Codafol 150  1,0 л/га якҷоя бо 300-400 л/об истифода бурдан зарур аст. Аз ин маводҳо фақат яктояш истифода бурда мешавад. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронида мешавад, ки ин маводҳо барои афзоиши ҷуворимакка ва калоншавии танаи он мусоидат мекунад.

Коркард бо мақсади мубориза бар зидди зараррасонҳо 2 маротиба гузаронида мешавад:  1-ум  коркард дар вақти 5-7 барг пайдо шудан, 2-юм коркард ҳангоми қади зироат 45-50 см будан: кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га, Индоксакарб 0,450 л/га, Каратэ 0,4 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳии асосӣ (ҳосилхезии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта)  N 180 кг, P 120, K 60 кг (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад.