Моҳи июн айёми гармӣ аст ва обёрикунии зироатҳои кишоварзӣ бояд саривақт ва бо меъёр гузаронида шавад, аз он ҷумла барои зироатҳои лӯбиёдонагиҳо. Бояд қайд кард, ки обёрикунии саривақтӣ ҳосилнокии лӯбиёдонагиҳоро баланд бардошта, сифати донро хуб мегардонад. Зироатҳои лӯбиёдонагӣ аз давраи гулкунӣ то пухтарасии ҳосил ба об талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, дар ин давра намии хоки киштзори лӯбиёгиҳо бояд дар ҳудуди 70-75% нигоҳ дошта шавад. Вобаста ба шароити иқлим, хок ва талаботи растаниҳо дар минтақаи агроиқлимии «Қизилсу», ки ноҳияҳои фарогиранда: Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Норак, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ мебошанд, дар моҳи июн ба киштзори лӯбиё бо меъёри 600-650 м³/га обёрӣ кардан тавсия дода мешавад. Реҷаи оби мушунг ба 200-400 м³/га ва нахӯд бошад ба 250-300 м³/га тавсия дода мешавад. Вобаста ба талабот оби якумро баъди 10-15 рӯзи баромадани сабза, оби дуюмро пеш аз муғчабарории гул, оби сеюмро ҳангоми саршавии гулкунӣ ва обмонии боқимондаро дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд.